Аввалин бориши барф дар кишвар

 Аввалин бориши барф дар кишвар

Дар Душанбе ва Хуҷанд имсол пеш аз оғози фасли сармо барф борид

Барфи аввал дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд субҳи 17 ноябр борид. Ба фарқ аз солҳои пеш, имсол қабл аз оғози фасли сармо дар Тоҷикистон барфрезӣ шуд.
Зимнан, шабакаи иҷтимоии Facbook пур аз аксу наворҳои барфрезӣ дар Душанбе ва Хуҷанд гардидааст.

Корбарон бо гузоштани аксу наворҳо ҳамдигарро бо боридани барфи нахуст табрик мекунанд ва аз ҳамдигар тӯҳфаи барфиро талаб мекунанд.

Барфи аввал дар маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Ожонси ҳавшиносӣ хабар дод, ки рӯзҳои 17-18 ноябр барф меборад.
Масъулин инчунин таъкид карда буданд, ки дар баробари ин, дар баъзе ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар меғ мефарояд. Аз шаҳрвандон даъват шуд, ки зимни сафар дар чунин шароит эҳтиёткор бошанд.
Сокинон мегӯянд, барфи аввал пойтахтро сафедпӯш карда, гулгашту ҷодаҳоро намои афсонавӣ бахшид. Аммо аллакай дар нимаи рӯз дар бисёре аз роҳравҳо барф аллакай об шуд.