Иззат Амон ба СИЗО мунтақил шуд

Ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, феълан иттиҳоми Иззат Амон қаллобӣ эълом шудааст ва даъвогарон мегӯянд, ки ӯ дар Русия барои дифоъ аз ҳуқуқи зиндониёни тоҷик аз наздикони онон ҳақи ваколат гирифта, вале барои онҳо коре анҷом надодааст.

Аммо наздикони Иззат Амон таъкид мекунанд, ки вай бештари ин афродро намешиносад ва ба назар мерасад, раванди шоҳидсозӣ алайҳи ин мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир дар Русия оғоз шудааст.

Чанде пеш Додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукме, гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбут ба нақзи қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷарима ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум кард.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи вай ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил ва ӯ ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шудааст.

Иззат Амон, донишомӯхтаи Донишгоҳи Академияи илмҳоии сиёсии Вазорати хориҷаи Русия аст, ки дар соли 1996 табааи ин кишвар шуд ва аз соли 2000 сокини Маскав буд.