Тавсеаи равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи қазоӣ

 Тавсеаи равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи қазоӣ

Дар дидори раиси Додгоҳи Олии кишвар бо муовини аввали Қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе масъалаи тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи қазоӣ баррасӣ шуд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олӣ бо Муҳаммади Мусаддиқ, муовини аввали Қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кард.
Дар дидори Муҳаммади Мусаддиқ, муовини аввали Қувваи қазоияи Эрон, ки ба манзури ширкат дар ҳафдаҳумин иҷлоси руасои додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон сафар кардааст, бо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии кишвар масъалаи тавсеаи равобити қазоии ду кишвар баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқот, ки Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт, бар зарурати тавсеаву иртиқои равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи қазоӣ таъкид кард.
Вай афзуд, заминаҳои ҳамкории миёни ду кишвар мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти кишвар (Душанбе) 17-умин нишасти раисони додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.
Ба ҷуз аз ҷаласаи умумӣ, баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбарони додгоҳҳои олӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки дар ин чорабинӣ Вячеслав Лебедев, раиси Додгоҳи олии Русия низ ширкат дорад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.