Имзои нахустин тафоҳумномаи нишасти амниятии Тоҷикистон ва Эрон

 Имзои нахустин тафоҳумномаи нишасти амниятии Тоҷикистон ва Эрон

 Нахустин иҷлоси коргурӯҳи муштараки амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо имзои тафоҳумномае байни муовинон вазирони кишвари ду тараф ба поён расид.

Нахустин иҷлоси коргурӯҳи муштараки амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо имзои тафоҳумномае байни муовинон вазирони кишвари ду тараф ба поён расид.

Ин иҷлоси 3 рӯза имсол бо ҳузури Раҳмонзода, муовини вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати тоҷик ва Сайидмаҷиди Мираҳамдӣ, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин коргурӯҳи муштараки амниятӣ дар иҷрои мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомии Эрон ва Тоҷикистон дар соли 2014 ташкил шуд.

Дар ин коргурӯҳ ду тараф роҳҳои иртиқои равобити ду кишвар дар заминаҳое чун амниятӣ, интизомӣ, мубориза бо терроризм ва ҷурмҳои созмонёфта, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин табодули иттилоот ва таҷрибаҳо дар ҳавзаҳои полисӣ, пайгарди муҷримони таҳти таъқиб, омӯзиши неруҳои мутахассиси бахшҳои мухталифи полис ва вазорати кишвар тарафҳо, ҳамоҳангӣ барои истиқрори афсари робити интизомӣ, ҳамоҳангӣ барои лағви раводид байни ду кишвар, ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаҳо дар амнияти марзҳоро мавриди тафоҳум қарор доданд.

Муовини амниятӣ ва интизомии Вазорати кишвари Эрон дар ин сафар ҳамчунин бо Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Раҳимзода бо ибрози хушнудӣ аз инки ташкили коргурӯҳи муштараки амниятӣ, сабаби тақвияти равобит ва иҷроӣ шудани тавофуқҳои қаблии мақомоти олии ду кишвар хоҳад шуд, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишварро барои тавсеаи равобит дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҷурмҳои созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир эълом кард.

Вай рафъи таҳдидҳои минтақаӣ ва терроризмро дар сояи ҳамкории наздиктари ду кишвар унвон кард ва хостори иҷроӣ шудани тавофуқҳои сарони ду кишвар ва ҳамчунин бандҳои мавриди тавофуқ дар коргурӯҳи муштараки амниятии ду кишвар шуд.

Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар ин дидор, ташкили коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва тавофуқоти шаклгирифта дар онро, сабаби иртиқои амнияти ду кишвар ва беасаргардонии таҳдидҳои душманони ду миллат донист ва ба иродаи ҷиддии тарафи эронӣ барои иҷроӣ шудани тавофуқҳои мақомоти олӣ ва сарони ду кишвар, дар ҷиҳати тақвияти равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард.

Вай бо эъломи инки амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон медонем, омодагии Эронро барои ҳар навъ кумаке дар ин замина эълом ва изҳори умедворӣ кард коргурӯҳи муштараки амниятии ду кишвар битавонад бистарҳои лозимро дар ин бора фароҳам созад.

Муовини амниятӣ ва интизомии Вазорати кишвари Эрон бо ишора ба иштирокоти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон, тасҳили сафар ва тараддуди шаҳрвандони ду кишвар барои мубодилоти тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро омили муҳиме барои тавсеа ва пешрафти ду кишвар донист ва хостори эҳтимоми ду тараф барои фароҳам кардани шароити лағви раводид шаҳрвандони ду кишвар шуд.