25-умин солрӯзи сулҳи тоҷикон бидуни ҳузури яке аз тарафайн

 25-умин солрӯзи сулҳи тоҷикон бидуни ҳузури яке аз тарафайн

Паймони сулҳи тоҷикон дар соли 1997 дар Маскав байни Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди Неруҳои Мухолифи Тоҷикистон имзо шуд.

Паймони сулҳи тоҷикон дар соли 1997 дар Маскав байни Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди Неруҳои Мухолифини Тоҷикистон имзо шуд. Паймони сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, санаде, ки ба ҷанги дохилии панҷсола дар кишвар поён дод, рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав, пойтахти Русия ба имзо расид. Дар маросими имзои он Борис Елтсин, раисҷумҳури вақти Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирони хориҷаи кишварҳои нозир, яъне Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва фиристодаи Созмони конфронси исломӣ ширкат доштанд.

Ин тавофуқнома бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди Неруҳои Мухолифи Тоҷикистон (ИНОТ) ва намояндаи вижаи дабири кулли Созмон Милали Муттаҳид, табдил ба санади ҳуқуқӣ шуд ва заминаро барои иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда миёни тарафҳои даргир фароҳам кард.

Бинобар омори расмӣ, ҷанги шаҳрвандии дохилӣ ҷони 150 ҳазор нафарро гирифт ва ба иқтисоди кишвари навпо ва тозаистиқлолёфта аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ беш аз «10 миллиард доллар хисорат» ворид кард.

Ин ҷанг замоне оғоз шуд, ки Русия алайҳи “Ҳукумати оштии миллӣ” дар Тоҷикистон мавзеъ гирифт. Ҳукумати оштии миллӣ моҳи майи соли 1992 дар пайи созиши неруҳои миллӣ-мазҳабӣ ва ҳукуматӣ- коммунистӣ наздик ба Кремл дар Тоҷикистон ташкил шуд. Аммо ҳузури намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳайати Ҳукуматии оштии миллӣ, Русия ва Узбакистон, ду кишвари зинуфуз дар Тоҷикистонро сахт ошуфта карда буд. Барои ҳамин ҳукумат дар моҳи ноябри 1992 суқут кард ва ҳукумати дигар бо пуштибонӣ ва кумаки Русия ва Узбакистон дар Тоҷикистон рӯи кор омад.

Фишори Русия барои шурӯъи музокироти сулҳ

Аммо ихтилофҳо фурӯкаш накард, балки шиддат ҳам гирифт, зеро ҳукумати наздики Кремл ба неруҳои нави мардумӣ ва мазҳабӣ, кӯчактарин аломати созиш ва мусолиҳа нишон надод ва ба ин неруҳо ба ҳадде фишор овард, ки бисёре аз онҳо ночор ба тарки кишвар шуданд; даҳҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба он сӯи Омударё, ба Афғонистон паноҳ бурданд. Бар асоси бархе аз гузоришҳо, 150 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар Афғонистон ва ҳудуди як миллион тани дигар, ки ба кишварҳои Шӯравии пешин фирор карда буданд, пойгоҳи иҷтимоии мухолифонро шакл доданд. Онҳо тавонистанд таҳти унвони ҳаракати Наҳзати исломии Тоҷикистон ва сипас бо номи ИНОТ ташаккулеро роҳандозӣ кунанд ва дасте ба муқовимати мусаллаҳона бизананд.

Моҳи июли 1993, ИНОТ ба яке аз нигаҳбонии марзӣ байни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳамла кард. Он замон марзҳои Тоҷикистон таҳти муроқибати марзбонони Русия буд. Дар ниҳоят Русия ночор шуд бо миёнҷигарии давлати Тоҷикистон ва мухолифони онҳо дар Афғонистон пушти мизи музокира бишинад.

Нахустин музокироти тарафҳои даргир дар соли 1994 дар Маскав ва даври баъдии он дар Теҳрон, пойтахти ҶИЭ баргузор шуд. Ҳаминтавр нишастҳои баъдии гуфтушнуди тоҷикҳо дар шаҳрҳои Исломобод, Алмаато, Ашқобод, Кобул ва Бишкек баргузор шуданд.

Тамоми раванди ин музокирот, ки беш аз се сол ва дар ҳашт давр идома дошт аз сӯи фиристодаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид танзим ва вай бар он назорат мекард. Ҳамзамон СММ ҳайати нозирони низомии худро барои ҳифозат ва риояти муқаррароти оташбаси тарафайни даргирӣ, дар Тоҷикистон мустақар карда буд.

Дар ин музокирот Русия ва Эрон ҳар як аз тарафе пуштибонӣ мекарданд; Русия ҳомии давлати дастнишондаи худ дар Душанбе буд ва Эрон аз ИНОТ, ки аксари онҳо исломгаро буданд, ҳимоят мекард. Барои ҳамин бештари давраҳои музокирот ва мулоқоти тарафҳо дар Маскав ва Теҳрон баргузор шуд.

Омилҳои сабаби эҷоди Паймони сулҳи тоҷикон

Талошҳо барои хатми низоъ ва ихтилофҳо дар Тоҷикистон замоне ба авҷи худ расид, ки ИНОТ аз марзҳои кишвар ба хусус Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданд ва манотиқи шарқи кишвар аз қабили шаҳри Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки нисфи кишварро ташкил медиҳад, таҳти назорати худ гирифтанд.

Дар бархе маворид ҳатто ИНОТ ба бархе аз маҳаллаҳои Душанбе ворид шуда ва майдонро барои ҳукумати наздик ба Кремл танг карданд. Яъне дар он рӯзҳо низоъҳо натанҳо дар марз, балки дар дохили кишвар низ вуҷуд дошт.

Русия, пуштибони аслии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар моҳи декабри соли 1996 ба ҳукумати Тоҷикистон шаш моҳ муҳлат дод, то бо мухолифонаш оштӣ кунад. Борис Елтсин дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Раҳмон ошкоро гуфтааст, ки дигар наметавонад аз «ҳукумати комунистии Тоҷикистон ҳимоят кунад».

Аз сӯи дигар, Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбарони давлати он замони Афғонистон, ки таҳти фишори афзояндаи Толибон қарор гирифта буданд, ба кумаки Русия ниёз доштанд ва Русия кумакҳои худро тавассути марзи Тоҷикистон ба онҳо интиқол медод. Оқои Раббонӣ ва Масъуд ба раҳбарони ИНОТ фишор овардаанд, то ба сулҳи бидуни шарт розӣ шаванд. Мухолифони умдатан исломии тоҷикон вобастагии зиёд ба ҳукумати Раббонӣ доштанд ва дар чунин шароит натавонистанд зиёд давом оваранд.

Созишномаи сулҳ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид. Бар асоси ин созишнома, 30 дарсади курсиҳои ҳукуматро бояд неруҳои мухолиф ишғол мекарданд, Сарқонуни Тоҷикистон ислоҳ мешуд, ба аҳзоби сиёсии мухолиф иҷоза дода мешуд, ки расман фаъолият кунанд ва неруҳои мухолиф ба сохторҳои низомӣ ва интизомии Тоҷикистон ҷалб шаванд. Бисёре аз муқаррароти ин созишнома амалӣ шуда, раванди иҷрои онро Комиссияи оштии миллӣ назорат мекард; Созмоне, ки ба аъзои он намояндагони ҳукумат ва мухолифин шомил буданд ва дар раъси он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ қарор дошт.

Сарнавишти паймони сулҳи ду тарафи имзокунанда ва вайронкунии нақзи тавофуқҳо

Аммо пас аз ҳудуди се сол, ки давлат ҳамаи мухолифони худро халъи силоҳ карда буд, барои нахустин бор нақзи ошкори Паймони сулҳ мушоҳида шуд. Сарқонуни Тоҷикистон тағйир кард ва бар асоси он шароити ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар раъси қудрат барои як ду давраи ҳафтсолаи дигар фароҳам шуд. Ба гуфтаи бисёре аз таҳлилгарон ин иқдом дар амал оғози ҳаракати тадриҷии Тоҷикистон ба самти канор гузоштани неруҳои мухолифин ва шарикони Паймони сулҳи тоҷикон ва эҷоди ҳукуматӣ фардӣ буд.

Дар ростои ҳамин иқдомот дар соли 2015, фаъолиятҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон унсури аслии яке аз ду тарафи сулҳ ба иттиҳоми “ҳамдастӣ дар қиём”-и нотамоми генерал Абдулҳалим Назарзода маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки муовини вазири дифоъ буд мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд.

Акнун шуморе аз раҳбарони ин ҳизб фаъолияти сиёсии худро дар Аврупо идома медиҳанд, вале теъдоди назаррасе аз мақомоти баландпояи он, ки дар Тоҷикистони мондаанд, бо ҳабсҳои дарозмуддат ё ҳабси абад дар зиндон ба сар мебаранд.

Ба дунболи ин иқдомот ва дар амали пароканда шудани шарикони Паймони сулҳ, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар соли 2016 Сарқонуни кишварро тағйир дод ва ҳукумати якумраи худро тазмин кард.

Бозгашти эътирозҳо

Дар моҳи майи соли ҷорӣ ва дар арафаи 25-умин солрӯзи имзои Паймони сулҳи тоҷикон, неруҳои низомии давлати Тоҷикистон дар Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон, яке аз ду минтақаи умдатан оппозисюнии кишвар амалиёте анҷом доданд, ки даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузоштааст. Ба иллати эҷоди фазои амниятӣ дар ин минтақа аз чигунагии хушунатҳо ва теъдоди эҳтимолии маҷрӯҳон ва ё кушташудагон омори дақиқе дар даст нест.

Давлати саркӯбгари Тоҷикистон рӯйдодҳои хунини ин вилоятро кори Ҳизби наҳзати исломӣ хонда ва Эмомалӣ Раҳмон иддао кард, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳампаймонони хориҷиаш барои ноором кардани кишвар ва анҷоми қиём ба раҳбарони нооромиҳо дар ин вилоят 26 миллион сомонӣ ё 2.5 миллион доллар додааст. Аммо Дар вокуниш ба ин иттиҳомҳои пӯчу беасос, Муҳйиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии кишвар, бо радди изҳороти Раҳмон гуфт, ки Раҳмон ба хотири “идомаи бақои худ дар қудрат, ҳамеша талош кардааст, ки душмантарошӣ кунад.”

Бо ин ҳол дар тайи ин солҳо фақат як тарафи ҷангу сулҳ дар Тоҷикистон яъне Эмомалӣ Раҳмон бо эъмоли қудрату тағйирот дар қонунҳои кишвар 30 сол аст, ки бо вижа такя ба Русия худро дар раъси қудрат ҳифз кардааст, аммо мухолифон ва ҳампаймононаш дар Паймони сулҳи тоҷикон барои бори дувум маҷбур ба тарки ватани худ шуданд.

Бо вуҷуди ин ва бар хилофи таҳаввулот аз соли 1998 ба ин тараф рӯзи 27-уми июн ба муносибати имзои Паймони истиқрори сулҳ ва ончи, ки “Ризояти миллӣ” дар Тоҷикистон ва “Рӯзи ваҳдат” хонда шудааст, таътилии умумӣ ва ҷашни расмӣ аст; ҷашне, ки дар он бахши зиёде аз мухолифон ва ҳампаймонони Сулҳи тоҷикон аз ширкат дар ҳукумат канор задашуда, ба зиндон афтода ва ё маҷбур ба тарки кишвар шуданд.