Таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон аз нигоҳи сафири Маскав

 Таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон аз нигоҳи сафири Маскав

Сафири Русия гуфт, вазъ дар Афғонистон, ки бо кишвари Тоҷикистон ҳаммарз аст, то ҳол ҳеҷ "заминае барои оромиш"-ро надорад.

Сафири Маскав дар Душанбе гуфт, ки вазъ дар Афғонистон, ки бо кишвари Тоҷикистон ҳаммарз аст, то ҳол ҳеҷ «заминае барои оромиш»-ро надорад.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо «Известия» хабар додааст, ки вазъият дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мушкил боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, дар манотиқи шимолии Афғонистон ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ фаъолият мекунанд.

Сухан дар бораи аъзои чунин созмонҳои террористӣ, аз қабили “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “ДИИШ” ё «Ҳаракати исломии Узбекистон» меравад. Ҳамаи ин «заминае барои оромиш настанд».

Сафири Маскав дар мусоҳибаи худ дар ин бора изҳор доштааст: «Хатари калонтарин барои Тоҷикистон аз он гурӯҳҳои террористӣ аст, ки дар сафҳои онҳо аз ҷумла мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Онҳо нақшаи паҳн кардани ақидаҳои радикалиро дар саросари минтақа пинҳон намекунанд».

Лякин-Фролов афзуд, аз гузоришҳои расмии сохторҳои қудратии Тоҷикистон низ маълум мешавад, ки теъдоди нисбатан кам, вале то ҳол дар кишвар афроде ҳастанд, ки аз ақидаҳои ифротгаро пуштибонӣ мекунанд ва бо террористон ҳамкорӣ мекунанд.

Сафири Маскав қайд кард: «Мо бояд ба мақомоти ҷумҳурӣ эҳтиром гузорем, ки бо таблиғи ақидаҳои гуногуни тахрибкор дар байни сокинони кишвар хеле муассир мубориза бурда, ба ифротгароён иҷоза намедиҳад, ки сари худро баланд кунанд».

Вай афзуд, дар ин замина мунтазам дар чаҳорчӯби СПАД дар сурати воридшавии гуруҳҳои ғайриқонунӣ аз қаламрави Афғонистон иқдомоти муштарак дар шакли дуҷониба таҳия мешавад.

Дар ин росто, пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон василаи муҳими таъмини амнияти на танҳо ҷумҳурӣ, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, афзуд дипломат.