Аврупоиҳо ва давр задани таҳримҳои зидди русии Ғарб, эътироф ба вобастагӣ ба Русия

 Аврупоиҳо ва давр задани таҳримҳои зидди русии Ғарб, эътироф ба вобастагӣ ба Русия

Кишварҳои аврупоӣ барои хариди гази Русия, маҷбуранд таҳримҳоро, ки худашон алайҳи Маскав эъмол кардаанд давр бизананд.

Вокуниши аврупоиҳо ба муҳлати Кремлин барои пардохти баҳои газ бо рубл дар ҳоли шаклгирӣ аст ва аз мухолифати қотеъ бо ин иқдом фосила гирифтааст.

Дар воқеъ аврупоиҳо ҷойгузини гази Русияро мушахас намекунанд ва роҳи бозгаштро боз мегузоранд. Давлати Олмон ҳар чанд расман пардорхти баҳои газ ба рублро рад кардааст, аммо ба ширкатҳои олмонӣ иҷоза медиҳад дар ин бора озодии амал дошата бошанд. Фаронса ҳам аз имкони пардохти баҳои газ бо евро ба бонкҳои монанди Гозпрум бонк, сухан мегӯянд то кори табдили он ба рубл дар ин бонк ба унвони роҳи ҳалли миёна сурат гирад ва идомаи содироти газ ба Аврупо тазмин шавад.

Бадин тартиб ба назар мерасад, ки аврупоиҳо худ дар ҳоли давр задани таҳримҳое ҳастанд, ки ба баҳонаи ҳамлаи Русия ба Украина вазъ кардаанд ва дигар кишварҳоро низ ба пайрави аз ин таҳримҳо ва ҳамроҳи бо Ғарб дар ин замина фаро мехонанд.

Албата вокуниши Русия ба ин иқдоми кишварҳои аврупоӣ бо навъи чашм пуши ҳамроҳ будааст. Бо гузашти як рӯз аз зарбулаҷал Маскав ба кишварҳои аврупоӣ барои пардохти баҳои газ ба рубл, содироти гази Русия ба Аврупо ҳануз идома дошта ва ҳатто рӯзи аввали апрел ба болотарин мизони худ дар чаҳор моҳи гузашта ҳам расид.

Ин дар ҳоле аст, ки Владимир Путин раисиҷумҳурии Русия ҳушдор дода буд, ки дар сурати риъоят накардани ин шароит, лулаи гази Аврупоро баста ва камбуди саросарии энергиро дар ин баҳои газ ба рубл, бештар бо ҳадафи афзоиши арзиши он дар баробари доллар сурат гирифт ва амалан ҳам ба ҳадафи худ расид. Аммо сӯйи дигари ин масъала намоиши вобастагии Аврупо ба гази Русия ва адами имкони ҷойгузини он буд, ки боз ҳам Маскав ба ин ҳадафи худ расид.

Дар ин замина Анналена Бербок вазири хориҷаи Олмон вобастагии шадиди кишвараш ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба бахши энергии Русияро хатои давлатҳои қаблии Олмон ва худи Аврупо донист.

Бербок гуфт: Олмон ба шиддат ба Русия вобастааст, ки ин на танҳо хатои Аврупо аст балки хатои кишварамон дар давлатҳои қабли аст, намебоист Аврупо бо кишваре, ки бо он арзишҳои муштарки надорад ба хусӯс дар бахши энерги ин гуна вобастагӣ дошта бошад, аз ҳамакнун бояд ин вобастагӣ қатъ шавад ҳатто агар қарор бошад баҳои онро бипардозем.

Ин эътирофро метавон ба маънои таиди вобастагии зиёди кишварҳои аврупоӣ ба вижа Олмон ба гази Русия донист, ки дар замони кунуни имкони ҳар гуна амал дар баробари Русия ва ё посухи манфӣ ба хостаҳои онро барои аврупоиҳо то ҳадди зиёде номумкин сохтааст.

Таҳлилгарони иқтисодӣ бар ин масъала таъкид мекунанд, ки иқдомоти Русия дар заминаи таҳақуқи ҳадафи асосии худ яъне афзоиши арзиши рубл бо муваффақият ҳамроҳ буда ва аврупоиҳо акнун ночор ҳастанд то таҳримҳои худашонро давр бизанад. Ҳар чанд , идае бар ин боваранд, ки имукони расидан ба созу коре, ки манофеъи ҳар ду тарафро таъмин кунад, вуҷӯд дорад. Дар айни ҳол бо таваҷҷӯҳ ба мизони вобастагии кишварҳои аврупоӣ ба гази Русия навъи вокунишҳои онҳо низ мутафовит аст. Кишварҳое, ки дар сурати коҳиш ё қатъ гази Русия осеби камтаре мебинанд, мавозеъи сиёсии тундтаре алайҳи Маскав иттихоз мекунанд. Дар муқобили он даста аз кишварҳо монанди Ортриш, Маҷористон ва Олмон, ки мутаки ба энергии воридоти аз Русия ҳастанд ночор ба иттихози руйкардҳо ва мавозеъи ҳастанд, ки дар ростои манофеъи онҳо аст.

Юнес Белфеллаҳ коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд: Барои тарафи Аврупо роҳи ҳалли масъала ( хостаи Русия дар бораи пардохти баҳои газ) ё мубтани бар муомила бо рубл аст, ки кори душворе аст, ё ин, ки ба дунболи ҷойгузин бошанд. Ҷойгузинҳо метавонад шомили ҳаволаҳои молли ва истифода аз воситаҳо монанди Туркия бошад, ё ин,ки тадриҷи воридоти нефт ва гази Русияро канор бигузоранд, ки ин кор ҳам душвор аст, зеро захоири газии кишварҳои аврупоӣ фақат барои се моҳ кофи аст ва наметавонанд ба таври комил, воридоти газ аз Русияро мутавақиф кунанд.