Азодории мусалмонони кишвари Замбия дар рӯзи Арбаин (видео)

 Азодории мусалмонони кишвари Замбия дар рӯзи Арбаин (видео)

Азодорони Имом Ҳусайн(а) дар кишвари Замбия, воқеъ дар ҷанбуи Африқо, дар рӯзи Арбаин ба хиёбонҳо омада ва маросими азодорӣ баргузор карданд.

Маросими азодории Арбин бо ташаббуси Маркази исломии Замбия дар се шаҳри Лусоко (пойтахти Замбия), Ливингстон ва Катубо баргузор шуд ва азодорони Имом Ҳусайн(а) роҳпаймоӣ ва сӯгворӣ карданд.

Ин барнома рӯзи сешанбе, ки дар Замбия рӯзи Арбаин эълон шуда буд, дар минтақаҳои мухталиф баргузор шуд, бо пиёдаравию роҳпаймоӣ ва навҳасароӣ анҷом шуд.

Мардуми бумию мусалмони Замбия аз ширкаткунандагони ин барномаи азодорӣ буданд ва дар Лусоко, пойтахти ин кишвар мусалмонони покистонӣ ҳам азодорони замбияиро ҳамроҳӣ карданд.

Ҷумҳурии Замбия, кишвари маҳсур дар хушкӣ ва дар ҷануби Африқо аст. Ин кишвар аз шимол бо Конг, аз шарқ бо Танзания ва Малави, аз ҷануб бо Мозамбик ва аз ғарб ҳам бо Ангола ҳамсоя аст. Забони расмии мардуми Замбия англисӣ аст ва камтар аз як дарсади ҷамъияти ин кишвар мусалмон ҳастанд. Нажоди мусалмонон африқоӣ ва муҳоҷирони Осиёи ҷануби шарқӣ аст.