Аломатгузории марзҳо меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Узбакистон

 Аломатгузории марзҳо меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Узбакистон

Намояндагони ҳайатҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон масъалаи аломатгузори марзҳо ва сарҳадҳои давлатӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Намояндагони ҳайатҳои давлати Тоҷикистон ва Узбакистон масъалаи аломатгузории марзҳо ва сарҳадҳои давлатӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Бар  асоси ин гузориш, дар шаҳри Бохтар дар фосилаи 100 километрӣ аз ҷануби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар водии рӯдхонаи Ваҳш дидор карда, даврае гурӯҳҳои кории ҳайатҳои давлати комиссияи муштараки аломатгузории Тоҷикистон ва Узбакистон барпо шудааст.

Дидори гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Узбакистон дар фазои дӯстӣ баргузор шудааст.

Тарафайн дар поёни ин музокирот поротоколи марбутаро имзо карданд.

Охирин нишасти аломатгузории марзҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар моҳи феврали соли 2022 дар қаламрави Узбакистон баргузор шудааст. Он замон эълом шуд, ки гурӯҳҳои аломатгузорӣ аз қисматҳои марзӣ боздид карданд.

Пештар Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии мудирияти замин ва нақшабардории Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Узбакистон аз ҳазору 326 киллометр марзи муштарак ҳазору 319 киллометри онро ҳамоҳанг карданд.

Тоҷикистон ва Узбакистон як ҳазору 333 киллометр марзи муштарак доранд, ки ҳазору 228 киллометрро марзи заминӣ ва 105 киллометр марзи обӣ ҳастанд.

Тоҷикистон дар тӯли солҳои дароз дағдаға ва мушкилоти зиёди сарҳадӣ доштааст ва дар ин бора ҳам талафоту хисоратҳои зиёде додааст ва аломатгузории марзҳо метавонад кумак кунад, то сулҳу субот дар бахши сарҳадӣ ҷони тоза бигирад. Албатта дар ин байни кошиканӣ ва ноӯҳдабароиҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба равшанӣ мушоҳида мешавад