Алоқамандии Қирғизистон барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ бо Эрон

 Алоқамандии Қирғизистон барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ бо Эрон

Сафири Қирғизистон дар Эрон дар сафар ба устони Хуросони Разавӣ, дар дидор бо устондор ва шаҳрдори Машҳад ба тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ, шаҳрсозӣ, санъат ва сармоягузорӣ таъкид кард.

Сафири Қирғизистон дар Эрон дар сафар ба устони Хуросони Разавӣ, дар дидор бо устондор ва шаҳрдори Машҳад ба тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ, шаҳрсозӣ, санъат ва сармоягузорӣ таъкид кард.

Турдкун Сайидиков, сафири Қирғизистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар сафари кории худ ба устони Хуросони Разавӣ бо Яъқубалӣ Назарӣ, устондор, Сайид Абдуллоҳ Арҷоӣ, шаҳрдори Машҳад,  Ғуломҳусайни Шофеӣ, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеи ҶИЭ, Муҳаммади Биҳиштӣ, раиси дафтари намояндагии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар шимоли шарқи Эрон ва Саид Сайфӣ, раиси маҷмӯаи намоишгоҳи байналмилалии Машҳад дидор ва аз шаҳраки санъатии Тус боздид кард.

Вай дар ин дидор ба тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ, шаҳрсозӣ, санъат ва сармоягузорӣ таъкид ва ба аҳамияти афзоиши теъдоди парвозҳо байни Қирғизистон ва Эрон, ки ба табодули фаъол ва судманди дуҷонибаи ҳайатҳои тиҷорӣ ва ташдиди ҳамкориҳо дар заминаи гардишгарӣ кумак мекунад, ишора кард.

Тарафи эронӣ низ ба навбаи худ барои тавсеаи ҳамкорӣ боҚирғизистон ибрози алоқа ва омодагии шаҳри Машҳадро барои ташдиди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо шаҳрҳои Қирғизистон таъйид кард.

Дар идомаи ин нишаст, тарафайн тавофуқ карданд, ки намоишгоҳ ва маҷмаи тиҷорӣ дар июни 2022 дар Бишкек бо ҳузури корофринони Қирғизистонӣ ва Эрон баргузор шавад.

Дар бахше аз ин сафари корӣ, сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Эрон ба ҳамроҳи утоқи бозаргонии устони Хуросони Разавӣ дар Машҳад, рӯйдоди дигареро бо унвони “рӯзи иқтисоди Қирғизистон” бо ҳузури намояндагони ин кишвар аз ҷумла Вазорати умури хориҷаи Эрон, давлатҳои маҳаллӣ ва корофринони эронии алоқаманд ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои Қирғизистони баргузор кард.

Гуфтанӣ аст, ки ба ширкаткунандагон иттилооте дар мавриди фазои сармоягузорӣ, механизмҳои ҳифозат аз сармоягузорон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди 50 проекти сармоягузории умедворкунанда дар заминаҳои барқи обӣ, кишоварзӣ, санъат, зерсохтҳо ва гардишгарӣ дар Қирғизистон ироа шуд.

Дар ин маросим, сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон матолиби чопиро тавзеъ кард ва филмҳоеро дар мавриди зарфиятҳои сармоягузорӣ ва гардишгарии Қирғизистон ба намоиш гузошт.

Лозим ба зикр аст, ки ин рӯйдодҳо ҳамзамон бо 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатик байни Қирғизистон ва Эрон баргузор шуд.