Амрико омили ташдиди даргириҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳад шуд

 Амрико омили ташдиди даргириҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳад шуд

Бархе коршиносон сафари муовини котиби давлатии Амрико ба Қирғизистонро ба омиле барои ташдиди даргириҳо миёни Душанбе ва Бишкек тафсир кардаанд.

Аз назари мудири пажӯҳишгоҳи ҳамкориҳои Авруосиё, Владимир Лепехин Амрико ба сабаби ба натиҷа нарасидани амалёти вижаи низомии Русия дар Украина метавонад омили афзоиши даргириҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шавад.

Владимир Лепехин дар суҳбат бо радиои Спутники Қирғизистон гуфт: «Маълум аст, ки ҳадафи аслии сафари ин мақоми амрикоӣ ба Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ноором кардани субот аст.»

Лепехин аз чанд сенарияи амрикоӣ зикр кард. Якум тезу тунд шудани низоъ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ва дуввумӣ пиёда кардани табаддулот дар Тоҷикистон зери парчами исломӣ.

«Ҳарду сенария аз ҳар роҳ бо усулҳои мухталифи пинҳонӣ гарм карда мешавад”,-гуфт сиёсатшинос.

Вай ҳамлаи Толибон ба Осиёи Марказиро низ рад накард вале гуфт, ин кор ба эҳтимоли зиёд сурат намегирад.

Вай таъкид кард, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон мавқеи бетарафро ишғол мекунад ва сиёсати босаводона мебарад.

«Тошканд аллакай таҷрибаи муайяни ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаро дорад. Масалан, пас аз ба қудрат расидани Толибон, Узбекистон дарҳол кӯшиш кард, ки бо раҳбарияти нави Афғонистон тамос бигирад, то як навъ равобит барқарор кунад ва худро ҳифз кунад. Аз сӯи дигар Онҳо ҳам дарҳол мутахассисони низомии Русияро ба худ ҷалб карданд».

Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашудаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд. Сабаби асосӣ ин қитъаҳои ҷудонашуда мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани чигунагии сарҳад ғайриимкон аст.

Ҳанӯз моҳи моҳи апрели соли 2021 дар мавзеи тақисими оби мавсум ба «Головной» муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад. Муноқиша байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа даҳҳо одам ҳалок гардид.

Рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло як муқовимати дигари мусаллаҳона сурат гирифт. Ин даргирӣ бо ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани 17 тани дигар поён ёфт.

Илова бар ин, дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳодисаҳои истифодаи силоҳ бештар рух медиҳанд. Охирин ҳодиса 12 апрел рух дода буд.