Арзонтарини интернет дар Осиёи Марказӣ

 Арзонтарини интернет дар Осиёи Марказӣ

Арзонтарини интернети Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон тааллуқ дорад

Тибқи рутбабандиҳо, Қирғизистон бо камтарин ҳазинаи интернет дар рейтинги дуюми ҷаҳонӣ ва рутбаи якум аз назари суръати интернет дар Осиёи Марказӣ қарор гирифтааст.

Бар асоси рутбабандии манбаъи таҳлилии Бритониё «Cable», Қирғизистон арзонтарин интернети Осиё Марказиро дорад.

Тибқи ин гузориш Қирғизистон дар байни 230 кишвари ҷаҳон аз назари арзонтарин интернети мобилӣ рутбаи дуюми ҷаҳонро дорад.

Қиматтарин интернет дар Гвинеяи Экваториалӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нархи миёнаи як гигабайт 49,67 долларро ташкил медиҳад.

Интернет дар Қирғизистон ҳам сариътарин интернети мобилӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 беш аз 5.7 миллион шаҳрванди Қиғиз ба таври фаъол аз интернет дар кишвар истифода мекунанд ва ин қариб 85 дарсади ҷаъият аст.

Нархи миёнаи як 1 ГБ интернети мобилӣ дар бастаи кредитӣ дар Қирғизистон 0,15 доллар ва арзонтарин трафик дар кишвар 0,10 доллар аст.