Афви 514 маҳбус ба муносибати «Шаби қадр» бо фармони Бердимуҳаммадов

 Афви 514 маҳбус ба муносибати «Шаби қадр» бо фармони Бердимуҳаммадов

Сардор Бердимуҳаммадов, президенти нави Туркманистон қонуни нави афви маҳбусон дар ин кишварро имзо кард.

Сардор Бердимуҳаммадов, президенти нави Туркманистон қонуни нави афви маҳбусон дар ин кишварро имзо кард.

Дар иттилоияи расмии мақомоти Туркманистон гуфта шудаааст, ки ин қонун бахшида ба “Шаби қадр” дар моҳи Рамазон имзо шудааст ва бар асоси он 514 маҳбус аз зиндон озод мешаванд. Мақомоти туркман гуфтаанд, ки маҳбусони озодшуда «аз кардаи худ сахт пушаймон» гаштаанд.

Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, ки “бо имзои қонуни афв ба шахсоне, ки аз ҷинояти содиркардаашон сахт пушаймон шудаанд, имкон медиҳем, то гуноҳи худро бо меҳнати ҳалол ҷуброн кунанд ва дар рушди кишварамон фаъолона иштирок намоянд”.

Бояд гуфт, ки президенти Туркманистон ҳамасола бахшида ба ид ва ҷашнҳои давлатӣ маҳбусонро афв мекунад ва ин барномаи имсол тавассути Сардор Бердимуҳаммадов, президенти нави ин кишвар анҷом шудааст.