Афзоиши гирифторони коронавирус дар кишвар

 Афзоиши гирифторони коронавирус дар кишвар

Пас аз ду рӯзи набуди ҳолатҳои сирояти нав, омори "ковид" дар кишвар дубора боло рафт

Дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар кишвар 3 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нишон медиҳад.
Илова бар ин, 3 сокини ҷумҳурӣ аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Дар давоми ду рӯз ягон марг аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар кишвар 17 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17252 нафар сокинони кишвар шифо ёфтанд.
Ҳодисаҳои нави сироятёбӣ дар ҷумҳурӣ аз 20 ноябри соли 2021 расман ба қайд гирифта нашуда буд, аммо сар аз 21 январи соли 2022 дигарбора пайдо шуд.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа омори вазорати тандурустӣ дар бораи гирифторон ба сифр расида буд.

Ҳамин тариқ, бори аввал аз моҳи январи соли 2022, дар тӯли ду рӯз пайиҳам, ниҳод ҳам сироятҳои нав ва ҳам ҳолатҳои барқароршавӣ аз COVID-19-ро сабт накард.
19 феврали соли ҷорӣ афзоиши дигар ба қайд гирифта шуд: дар ҷумҳурӣ 3 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуд ва 20 феврал ҳамин миқдор нафар шифо ёфтанд.
Дар пасманзари мавҷи сеюми бемории COVID-19 дар кишвар эмкунии фаъоли зидди сироят идома дорад.
Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров, шумори сокиноне, ки бо моякӯбии дувуми доруи зидди коронавирус фаро гирифта шудаанд, рӯз то рӯз меафзояд.
Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо шабакаи телевизионии «МИР 24» иброз доштааст: «Нишондиҳандаҳо хубанд. Реваксинатсия низ фаъолона оғоз шудааст. Мардум худашон, бошуурона ба марказҳои эмгузаронӣ мераванд».