Афзоиши омори ҷиноятҳои муҳоҷирон дар Русия

 Афзоиши омори ҷиноятҳои муҳоҷирон дар Русия

Гузоришҳои Вазорати корҳои дохилии Русия нишон медиҳад, ки омори ҷиноятҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия афзоиш пайдо кардааст.

Бар асоси гузоришҳо омори ҷиноятҳои сарзада аз тарафи муҳоҷирон дар қаламрави Федератсияи Русия дар се моҳаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад афзоиш ёфтааст.

«Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Федератсияи Русия 10,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2021-8,1% зиёд аст»,-гуфта мешавад дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилии Русия.

Тибқи гузориши манбаъ, шаҳрвандони кишварҳои ИДМ низ қонунро бештар нақз кардаанд. Зодагони Осиёи Марказӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 8,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба соли 2021-12,6% бештар аст.

Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ теъдоди ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 6% — қариб 4000 афзоиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки кормандони пулис дар 2 моҳи соли 2022 нисбат ба соли 2021 дар байни муҳоҷирони корӣ бештар қонуншиканиро ошкор кардаанд.

Дар ин муддат ходисахои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва низоми будубош бештар аз 114 фоиз афзуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки ҷониби Русия бояд тамоми маълумот, аз ҷумла биометрӣ дар бораи ҳамаи хориҷиёне, ки ба кишвар меоянд, дошта бошад.

Ӯ ҳамчунин хостори назорати дақиқтари вуруди муҳоҷирон ба кишвар шуд, то аз вуруди ҷинояткорон назорат ва ҷилавгирӣ шавад.