Афзоиши пазириши шаҳрвандии Русия аз сӯи тоҷикон

 Афзоиши пазириши шаҳрвандии Русия аз сӯи тоҷикон

Вазоракти корҳои дохилаи Русия аз пазириши шаҳрвандии ин кишвар аз сӯи 33 ҳазор тоҷик дар се моҳи аввали соли ҷорӣ хабар дод, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2021 афзоиши беш аз 64 дарсадиро нишон медиҳад.

Ба нақл аз ТоҷВик дар се моҳи аввали соли 2021 ба 20 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро пазируфта буданд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 беш аз 103 ҳазору 681 тоҷик шаҳрвандии Русияро пазируфта буданд, ки шохиси рекорди дар солҳои ахир ба ҳисоб меояд.

Аз сӯи дигар 101 ҳазору 704 тоҷик дар Русия иқомат доранд, ки метавонанд ба наздики шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд.

Ҳамчунин 47 ҳазору 900 тоҷики дигар, ки дорои иқомати мувақат мебошанд дархости шаҳрванди карданд. Ислоҳи қонуни шаҳрвандии Русия дар ду соли ахир заминаи сафари хонаводагии тоҷикҳо ба ин кишвар ва дарёфти шаҳрвандии Русияро фароҳам сохта аст.