Афзоиши таъсиси мактабҳои салафӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

 Афзоиши таъсиси мактабҳои салафӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Айни замон метавон гуфт, ки чандин ҷумбиши исломиву аҳзоби сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ фаъолият карда истодаанд.

Ин дар ҳолеаст, ки давлатҳо аз ин ҷумбишҳо бештар ба унвони радикал, ифротгаро ва ё террорист ёд мекунанд, таҳдидоти террористиву ифротгароии феълии ин гурӯҳҳо дар Осиёи Марказӣ, моҳияти фаромиллӣ дорад ва бештар аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои ҳамсоя ва фаротар аз он интиқол меёбад. Аз онҷо, ки марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр пурнуфуз аст, роҳ барои нуфузи озодонаи гурӯҳҳои ифротӣ ҳамвор аст, ки дар натиҷаи он иртиботи байни гурӯҳҳои ифротии мухталиф дар қалби Осиё осон шудааст.

Яке аз сабабҳои муҳимме, ки метавон дар густариши андешаҳои ифротгароии минтақаи Осиёи Марказӣ баён кард ҳузур ва пуштибонии Арабистон аз ин гурӯҳҳо дар минтақаи Қафқоз аст, ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз таҳлилгарону мақомоти минтақа бар нақши пайдо ва пинҳони Арабистони Саудӣ дар ҳимояти фикрӣ ва молии гурӯҳҳои мухталифи салафӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ огоҳанд, муҳимтарин иқдоми Арабистон дар ин заминаро метавон таъсиси мактабҳои ваҳҳобӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вижа Тоҷикистон донист. Тарвиҷи андешаи ваҳобияту тарбияти неруҳои вобаста ба он дар мактабҳо яке аз сармоягузориҳои аслии Саудиҳо дар густариши ойини инҳирофии ваҳҳобият ва нерӯҳои ифротии такфирӣ дар ҷаҳон аст. Дар Тоҷикистон гурӯҳҳои тундраву ифротие вуҷуд доранд, ки таҳти таъсири ҷараёнҳои исломии ифротии ҷаҳони араб ба вижа кишварҳои назири Арабистони Саудӣ бавуҷуд омадаанд ва бештар таҳти таъсири талошҳои унсурҳои хориҷӣ қарор доранд. Арабистон бештар бо ҷазбу ҳимоят аз ҷавонони бесавод ва занону мардони бекор то андозае тавонистааст тавваҷӯҳи гурӯҳҳои норозии густурдатареро ҳам ҷалб кунад. Ҳамчунин аксари ин гурӯҳҳо иртибототи наздике бо ваҳҳобиҳо ва салафиҳо доранд ва аз ҷумлаи ҳомиёни Толибон ва Алқоида дар Афғонистони ба ҳисоб мераванд.

Дар феврали соли 2018 ахборе дар расонаҳои Саудӣ ва Тоҷикистон нашр шуд, ки хабар аз марҳилаи поёнии сохти муассисаи таълимӣ барои Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулоддаи Тоҷикистон медод, сармоягузорӣ ин лоиҳаро Маркази кумакҳо ва амалиёти башардустона ба номи Шоҳсалмон бар уҳда дошт. Дар нигоҳи аввал шояд танҳо як ҳамкории дуҷониба миёни кишварҳои Арабистон ва Тоҷикистон ба назар бирасад, аммо муҳим он аст, ки Арабистон бо вуҷуди онки худ даргири касрии буҷет ва заъф дар таъмини буҷети таслеҳотӣ аст чаро бояд дар як кишвари дигар даст ба чунин иқдомоте бизанад масаълаи нахуст ин аст, ки Риёз ба таври муассир ба дунболи он аст то бо нуфузи худ дар зеҳнҳои ҷавонони тоҷик онҳоро ба самти худ ҷалб кунад, илова бар он бо тавваҷӯҳ ба миқдори ками муассисаҳои таълимии давлатӣ ба вижа дар минтақаҳои рустоӣ ин мактабҳо теъдоди зиёде аз ҷавононро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вижа Тоҷикистон ба худ ҷазб карданд.
Нуктаи қобили аҳамият ин аст, ки баъдҳо ин мактабҳо ба марказҳои омодасозии фаъоли нерӯи муқовимати исломӣ, ки дар он сатҳи ҷанг алайҳи кофирон афзоиш ёфта буд, табдил шуд ва хатмкардагони ин муассисаҳои таълимӣ баъдан ба нерӯҳои аслии Толибон ва Алқоида табдил шуданд.

Масъалаи ошкор ин аст, ки Арабистони Саудӣ дар паи он аст то субот дар минтақаи Осиёи Марказиро дар ҷиҳати расидан ба аҳдофи худ ва саркардагони ғарбӣ бо мушкил рӯ ба рӯ созад ва дар сурате, ки кишварҳои ин минтақа аз ин мавзӯъ чашмпӯшӣ кунанд ҷараёнҳои такфирӣ-салафӣ фаъолияти бештаре дар минтақа хоҳанд дошт, масаълае, ки метавонад ноамниро барои минтақа ба ҳамроҳ дошта бошад, муқеъияти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба унвони маҳалли нуфузи Русия ва муҳимтар аз он ҳаммарз будан бо ҷумҳурии исломии Эрон аз суи Амрико ва муттаҳидонаш ҳамеша мавриди таҳдид қарор дошта ва хоҳад дошт. Аз ин рӯ ҷараёнҳои ифротгароёна яке аз василаҳои зӯрозмоии асосии ғарбӣ-арабӣ-ибрӣ алайҳи се қудрати Маскав-Теҳрони–Пекин хоҳад буд.