Баргузарии роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Лондон

 Баргузарии роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Лондон

Пас аз таваққуфи ду сола, якшанбе садҳо тан дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Лондони пойтахти Англис иштирок карданд. Озодии Қудс ва шикастани муҳосираи Навори Ғазза хостаи аслии иштирокчиён дар ин роҳпаймоӣ буданд.

Якшанбеи гузашта Лондон, пойтахти Англис шоҳиди роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо мушорикати садҳо мусулмон, фаъолони маданӣ, ҷараёнҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ ва гуруҳҳои бузурге аз фаъолони мухолифи ишғолгарии режими саҳюнистӣ буд.

Ин роҳпаймоӣ пас аз ду сол таваққуф дар пайи густариши вируси корона баргузор шуд.

Ширкаткунандагон бо гирдиҳамоӣ муқобили Вазорати кишвари Англис бо додани шиорҳое бо забони арабӣ ва англисӣ ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардумони мазлуми Фаластинро маҳкум карданд.

Ширкаткунандагон ҳамчунин сукути ғарбу ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иттихози стандартҳои дугонаро ба шиддат маҳкум карданд.

Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоиҳо парчамҳои Фаластин, Лубнон ва Эронро дар даст доштанд.

Шиорҳои муътаризони ширкаткунанда дар ин роҳпаймоӣ ба сиёсатҳои режими саҳюнистӣ дар қиболи фаластиниён бар меҳварияти озодии Қудс ва шикастани ҳисор аз Навори Ғазза мутамаркиз буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳузури фаъоли раввинҳои яҳудии православӣ аз ҷунбиши зиддиисроилии «Натури Карта» дар сафи аввали ин раҳпаймоӣ машҳуд буд. Онҳо монанди солҳои гузашта омада буданд то зимни эълони безорӣ аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, бо муътаризон ҳам садо шуда ва хостори нобудии “Исроил” шаванд.

Қудс

Роҳпаймоии шукӯҳманди Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Лондон имсоли як ҳафта зудтар баргузор шуд; аммо тибқи барномаи эълон шуда аз сӯи камиссиюни ҳуқуқи башари исломӣ қарораст, ки Рӯзи ҷумъа ҳамзамон бо баргузарии роҳпаймоӣ дар кишварҳои мусулмон, маросими ҳамли парчами Фаластин дар Лондон баргузор шавад.