Барканории вазири хориҷаи Узбекистон аз мансаб

 Барканории вазири хориҷаи Узбекистон аз мансаб

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шудааст.

Президенти Узбекистон вазири корҳои хориҷии ин кишварро аз мақомаш барканор ва ба мансаби муовини дабири Шӯрои амнияти ин кишвар таъйин кард.

Хадамоти матбуоти ҳукумати Узбекистон хабар медиҳад, ки Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии ин кишвар бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун собиқ вазир муовини дабири Шӯрои амнияти назди президенти Узбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният шудааст.

Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаро таъйин кардааст.

Ҳамин тариқ, Владимир Норов муовини аввали вазир, ҳамакнун иҷрокунандаи вазифаи роҳбари вазорати корҳои хориҷӣ таъин шуд.

Бобур Усмонов, ки ба ҷояш Абдулазиз Комилов таъйин шуд, ҳоло муовини директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии ин ҷумҳурӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки як моҳ қабл дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ гуфта буд, ки Абдулазиз Комилов дар бемористони марказии клиникии рақами 1-и шаҳри Тошканд бистарӣ шудааст.

Вай аз сабаби бемории музмин муолиҷаи муқаррарӣ мегирифт.

Дар рафти муолиҷа роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Узбекистонро дар вохӯриву чорабиниҳои гуногун муовини сарвазир – сардори раёсати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов муаррифӣ менамуд.