Барқарории се хатсайри нави автобус байни Тоҷикистон ва Узбекистон

 Барқарории се хатсайри нави автобус байни Тоҷикистон ва Узбекистон

Аз 2 апрели соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба як қатор шаҳрҳои Узбекистон ҳаракати таҷрибавии автобусҳои байналмилалӣ оғоз мешавад. Тоҷикистон ва Узбекистон якбора 3 хатсайри нави автобусро роҳандозӣ мекунанд, хабар медиҳад «Podrobno.uz».

Ширкати тоҷикии «Холдинг Азия Групп» аз 2 апрел ҳамлу нақли таҷрибавии автобусҳои байналмилалиро якбора ба чанд шаҳри Узбекистон оғоз мекунад.

Аввалин ҳамлу нақли санҷишӣ дар хатсайрҳои зерин кушода мешаванд:

Душанбе — Тирмиз;

Душанбе — Деҳнав;

Панҷакент — Самарқанд.

Гуфта мешавад, ки вақти тахминии сафар дар масири Душанбе — Тирмиз тақрибан 6 соатро дар бар мегирад. Масофаи байни шаҳрҳо 251 км аст.

Роҳи 107 километр аз Душанбе то Деҳнав тақрибан 2,5 соат аз вақти сафарро мегирад.

Аз Панҷакент то Самарқанд масофаи кӯтоҳтарин, 64 км ва вақти тахминии сафар 1,5 соат аст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз миёни Узбакистон ва Тоҷикистон автобусҳо дар хатсайрҳои Тошканд — Хуҷанд ва Қӯқанд — Хуҷанд мунтазам ҳаракат мекунанд.