Ба мо интихоби дигар нагузоштанд

 Ба мо интихоби дигар нагузоштанд

Раиси Шӯрои Федератсия дар бораи амалиёти махсуси низомии Федератсияи Русия сухан гуфт

Солҳои ахир Федератсияи Русия хостори ҳалли низоъ дар Украина бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, сари мизи музокирот нишастан ва қатъи хунрезӣ шудааст.
Дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, зимни суханронӣ дар Анҷумани байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Вай аз талафоти зиёди ғайринизомиён бар асари тирборон кардани шаҳракҳои вилояти Донетск аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина, сарпечии мақомоти украинӣ аз ҳалли мусолиматомези вазъ тибқи созишномаҳои Минск ёдовар шуд.
Ӯ афзуд: «Аммо ҳокимони кунунии Украина бо ҳомиёни худ аз Ғарб роҳи дигарро интихоб карда, амалиёти мусаллаҳонаи худро шадидтар кардаанд».
Матвиенко ёдовар шуд, ки ахиран Украина бо истифода аз тӯпхонаҳои сангин, миномётҳо, норинҷакандозҳо ва танкҳо тирборонкуниро афзоиш дод, ки дар миёни мардуми осоишта талафот дида мешавад.
Матвиенко таъкид кард:м»Дар ин шароит бо назардошти изҳори озодии иродаи сокинони ҷумҳуриҳо тасмим гирифта шуд, ки ҶМЛ ва ҶМД ба расмият шинохта шаванд. Федератсияи Русия амалиёти низомӣ барои таҳкими сулҳ, поёни низомисозӣ дар Украинаро эълон кард. Ба мо интихоби дигар намонданд».
Ба гуфтаи вай, ин интихоби осон нест, аммо ин ягона роҳи боздоштани ҷанги бародаркуш, имкони наҷоти сулҳ ва ҷони мардуми осоишта аст.
Ӯ гуфт, вақтҳои охир ҷаҳон дар баробари таҳдидҳои анъанавӣ ба чолишҳои хатарноктаре дучор шудааст.

Матвиенко гуфт: «Ҷаҳон аз даврони иттилоот ба даврони маълумоти бардурӯғ гузаштааст. Ин давра барои ба таври сунъӣ боло бурдани танишҳои сиёсати хориҷӣ, бо истифода аз фишангҳои фишори иқтисодӣ, на танҳо ҷангҳои иттилоотӣ, балки низоъҳои мусаллаҳонаи хунини сар задани заминаҳои мусоид хизмат кардааст”.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлолияти ҶМЛ ва ҶМД-ро расман ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пас аз чанд рӯз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад”.
Илова бар ин, президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Вай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд ва танҳо аз ҳолати низомисозӣ озод кардан аст.