Билохира созишномаи нафақа барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тасвиб шуд

 Билохира созишномаи нафақа барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тасвиб шуд

Русия аз ин ба баъд ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нафақа медиҳад ва ҳоло парлумони Тоҷикистон ҳам аз ин созишнома ҳимоят мекунад.

Русия аз ин ба баъд ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нафақа медиҳад. Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 13-уми апрел аз созишнома байни Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа пуштибонӣ намуданд. Масъалаи нафақаи муҳоҷирон аз солҳо ба ин тараф мавриди баҳсу баррасӣ миёни Душанбеву Маскав қарор дошт.

Cозишнома бо Русия моҳи сентябри соли 2021 имзо шуда буд ва порлумони Тоҷикистон ин санадро ҳамакнун тасдиқ ё қабул кард.

Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи порлумон гуфт, бар асоси ин санад, минбаъд Русияву Тоҷикистон ӯҳдадоранд ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар қаламрави якдигар кор кардаанд, нафақа таъин кунанд.

Ӯ афзуд, ки талабот барои ҳарду кишвар ҳамин аст, ки шаҳрвандон андози иҷтимоӣ пардохт карда бошад. Яъне, ба гуфтаи ӯ, андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ, бастагӣ дорад.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ё бо аъзои оилаи худ дар ҷустуҷӯйи кор ва маошу зиндагии муносиб ба Русия ва Қазоқистон мераванд.

Ба иттилои ҷониби Русия, шумораи онҳо феълан аз як миллион нафар бештар аст. Баъзе аз онҳо шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд, то аз имтиёзҳо баҳравар шаванд. Мақомоти Тоҷикистон рафтани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русияро рад намекунанд, вале мегӯянд, шумораи онҳо ба он ҳадде нест, ки Маскав эълон мекунад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷирати ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар хориҷаро 387 ҳазор нафар эълон кард. Маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон бар асоси кадом ҳисобҳо теъдоди муҳоҷирони тоҷикро 387 ҳазор нафар гуфтаанд.

Омори мақомоти тоҷик дар бораи теъдоди муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ҳамеша баҳсбарангез будааст. Соли гузашта ҳам мақомот шумораи муҳоҷиронро камтар аз ним миллион гуфта буданд. Аммо ҷониби Русия шумори муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион мегӯянд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳтоҷ ба пули муҳоҷирон аст. Тибқи оморҳои созмонҳои молии ҷаҳонӣ, ҳудуди 30 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз ҳисоби маблағи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст.