Бозгушоии дубораи масҷидҳо дар Туркманистон

 Бозгушоии дубораи масҷидҳо дар Туркманистон

Масҷидҳои Туркманистон имрӯз ба рӯи намозгузорон боз мешаванд.

Масҷидҳои Туркманистон имрӯз ба рӯи намозгузорон боз мешаванд.

Муфтии Туркманистон эълом кард, ки аз имрӯз, 29 март тамоми масоҷиди кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Вай афзуд: «Ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон, ки аз 2 апрел оғоз мешавад, тамоми масоҷиди кишвар ба таври маъмулӣ фаъолият хоҳанд кард.»

Ба масҷидҳо рафтан бо риояи қатъии меъёрҳои гигиенӣ имконпазир аст.

Муфтиҳои Туркманистон тақвими “саҳар” ва “ифтор” (вақти мазҳабии субҳу шом) барои моҳи Рамазони соли 2022 барои ҳамаи панҷ вилоят ва шаҳри Ишқободро тасдиқ карданд.

Дар охири моҳи Рамазон Иди Фитр (Ораз Байрам) дар саросари кишвар таҷлил мешавад.