Болгардҳои Афғонистон ба Толибон пас дода намешавад

 Болгардҳои Афғонистон ба Толибон пас дода намешавад

Сафири Амрико дар Душанбе эълом кард, болгардҳои давлати пешини Афғонистон, ки пас аз суқути Кобул ба Тоҷикистон интиқол дода шуд, ба ҳукумати муваққати Толибон таҳвил дода намешавад.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Марк Поммершейм ин матлабро дар нишасти хабарии ахир дар Душанбе баён кард.

Вай бидуни ишора ба теъдоди болгардҳои мунтақилшудаи давлати пешини Афғонистон пас аз суқути Кобул ба Тоҷикистон таъкид кард, Амрико ин таҷҳизотро ба ҳукумати Толибон таҳвил намедиҳад.

Ӯ афзуд, аммо пеш аз ин Роб Людвик, яке аз сухангӯёни Вазорати дифои Амрико ҳам гуфта буд, 18 адад болгарди ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон аст.

Сафири Амрико дар Душанбе эълом кард, бо кумаки 60 миллиондолларии Амрико тайи ду соли оянда як посгоҳи ҷадид дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сохта ва 4 посгоҳи марзӣ таъмир ва бозсозӣ хоҳад шуд.

Марк Поммершейм гуфт, ҳамчунин як пойгоҳи ҷадид барои Вазорати дифои Тоҷикистон дар марзи муштарак бо Афғонистон ва Ӯзбакстон сохта хоҳад шуд, ки имкони хидмат барои 900 низомии тоҷик ва иқомати аъзои хонаводаҳои ононро фароҳам мекунад.