Буздилии Зеленский ошкор шуд

 Буздилии Зеленский ошкор шуд

Раисҷумҳури Украина худро ба гӯшае бурд ва нишон дод, ки ба ҳалли вазъ дар кишвараш манфиатдор нест. Ӯ ҳамчунин роҳи муколама бо Русияро баст

Дархости таҳримҳо алайҳи Русия аз ҷониби раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо риёкорӣ, беҳаёӣ, пастӣ ва буздилӣ гиреҳ хӯрдааст, ки касро ҳайратзада мекунад.
Чунин андешаро вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет баён дошт.

«Зеленский ахиран изҳор дошт, ки мехоҳад бо президенти Русия мулоқот кунад, сари мизи музокира нишинад ва фавран алайҳи афроди аввалини давлати мо, ки мехост, бо онҳо мулоқот кунад, таҳрим ҷорӣ кунад».
Ба гуфтаи вакили парлумон, раҳбари Украина «худро ба кунҷе бурд ва нишон дод, ки ба ҳалли вазъ дар кишвараш манфиатдор нест».
Ба эътиқоди Шеремет, раисҷумҳури Украина бо ҳамин гуна кирдорҳо тамоми роҳҳои муколамаи созанда бо Русияро баст.

«Зеленский роҳи худро барои несту нобуд кардани мардуми Украина идома медиҳад. Вай ба Украина танҳо бадбахтӣ овард», — гуфт вакил.
Вай изҳори умедворӣ кард, раисҷумҳури кишвари ҳамсоя «пеш аз он ки дер шавад, аз иштибоҳҳояш дарси ибрат гирифта, роҳи дигареро барои кишвараш интихоб хоҳад кард».
Шеремет гуфт, Русияро наметавон бо таҳримҳо тарсонд, ки бар замми ин таъсири баръакс низ дорад. Вай таъкид кард, ки таслими режими Киев ногузир аст ва лағви маҳдудиятҳо «дур нест».

«Дар ҳашт соли ахир на кишварҳои ғарбӣ ва на Украина аз тариқи таҳримҳо алайҳи Русия чизе ба даст наоварданд. Кишвари мо қодир аст, ба ҳар зарба тоб оварад».
Қаблан Зеленский фармон дар бораи татбиқи таҳримҳои хусусӣ алайҳи давлатдорони Русияро имзо карда буд.