Бузургтарин дастоварди таърихи муъосири Лубнон дар соли 2000

 Бузургтарин дастоварди таърихи муъосири Лубнон дар соли 2000

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пирӯзи бар Исроилро яке аз рӯзҳои явмуллоҳ (рузи Худо) донисту гуфт: Дастоварде, ки Ҳизбуллоҳ дар соли 2000 ба даст овард бузургтарин дастоварди таъирхи муъосири Лубнон аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба муносибати солрӯзи озодсозии Лубнон аз ҷанги режими саҳюнистӣ ва рӯзи муқовимат аз тамоми касоне, ки ҷони худро дар ин роҳ дар табақи ихлос гузоштанд қадрдонӣ кард ва афзуд: Пирӯзии соли 2000 ваҷҳаи он артиши шикастнопазирро дар ҳам шикаст ва тарҳи Исроили бузургро дарҳам кубид ва ба мардуми Фаластин барои озодсозии сарзаминашон умеди дубора бахшид.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бахши дигар аз изҳороташ зимни қадрдонӣ ва ташакур аз Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳаргиз аз ҳеҷ кушише дар ҳимоят аз муқовимат фуругузори накард.

Вай ҳамчунин нақши шаҳиди сипаҳбуд ҳоҷи Қосими Сулаймониро дар пешбурди аҳдофи ҷабҳаи муқовимат бисёр муҳим арзёби кард.

Дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард бояд тамоми он ҷонфишониҳо ёдовари шаванд зеро ин пирӯзи ба осони ба даст наёмада аст балки бо хун, ашк, дастон, ангуштони руи моша (курок), ақлҳо, қалбҳо ваиродаҳо рақам хурд бояд он касоне, ки дар баробари ишғолгарон муқовимат карданд муъаррифи шаванд ва ҳамчунин он афроде, ки зидди мардуми меҳани худ тавтеа карданд.

Вай идома дод: Насли ҷадид бояд аз он пасти ва хори ва зиллат дар исти бозраси дар ҷануби Лубнон гоҳ шаванд ва бидонанд, ки бародарон ва падаронашон чи дарду ранҷҳои дар зиндонҳо ва нақзи ҳуқуқи башарро таҳамул карданд.

Насруллоҳ афзуд: Мардуми Лубнон чеҳраи ҳақиқи режими саҳюнистиро бишносад режими, ки талош мекунад худро оди ҷила диҳад ва бо дигар давлатҳои минтақа робита дошта бошад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бори дигар аз пирӯзии соли 2000 ба муҳимтарин дастовард дар таърихи муъосир ном бурд ва гуфт, ки як пирӯзии комил буд, ки мояи фахр кишварҳои арабӣ исломӣ ва кишвари Лубнон шуд.