Вазъияти марзӣ меҳвари гуфтугӯи телефонии Рамҳон ва Путин

 Вазъияти марзӣ меҳвари гуфтугӯи телефонии Рамҳон ва Путин

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия вазъияти марзии ноороми кишвар бо Афғонистонро дар суҳбати телефонӣ баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумуҳурии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҳамтои худ Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дода ва вазъияти нигаронкунандаи марз бо Афғонистонро баррасӣ кард.

Ҳамчунин Раҳмон ва Путин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами минтақаӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

“Дар робита ба ин ҷонибҳо бар аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният таъкид карданд”,-зикр кардааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас менамоем, ки дар ин авохир ноамниҳое дар мантақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, ки аз тарафи расонаҳо ва коршиносон шарҳу тафсили мухталиф доштаанд.

Дар ин зимн Гулбудини Ҳикматиёр, роҳбари ҳизби исломии Афғонистон таҳдид ба ниқоргирӣ аз Тоҷикистон ба далели гӯё пойгоҳ додани кишвар ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон карда буд, ки вокунишҳои мухталифро дар пай дошт.