Вазъияти номусоиди паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Амрико ва Аврупо

 Вазъияти номусоиди паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Амрико ва Аврупо

Дар пайи таҳаввулоти сиёсии Афғонистон ва тасаллути Толибон бар ин кишвар, ҳазорон афғонистонӣ кишварашонро тарк карданд ва роҳии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бо гузашти ҳафтаҳо аз муҳоҷирати иҷбории ин шаҳрвандони афғонистонӣ, бисёре аз онҳо пушти деворҳои марзӣ ё дар кампҳои муҳоҷирон бо камтарини имконоти беҳдоштиву рифоҳӣ зиндагӣ мекунанд.

Ин шароит ба гунае аст, ки ба тозагӣ садҳо паноҳҷӯи афғонистонӣ бо интиқод аз сиёсатҳои Британия, хостори бозгашт ба кишвари худ шуданд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Гордиян”, шумори зиёде аз афғонистониҳо, ки ҳини амалиёти хуруҷи бритониёиҳо аз Афғонистон, ба ҳамроҳи онҳо кишвари худро тарк кардаанд, мегӯянд, шароити нигаҳдории онҳо дар меҳмонхонаҳои ин кишвар ба шиддат асафбор аст.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Британия чанде пеш иддао кард, ки барномае таҳти унвони «Амалиёти истиқболи гарм» -ро барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ калид задааст, аммо ин барнома то кунун фақат дар ҳадди ҳарф мондааст.

Дар дигар кишварҳои аврупоӣ низ паноҳҷӯёни афғонистонӣ авзои номусоиде доранд. Дар ҳоле ки Ҷозеп Борл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои аврупоӣ хоста, байни даҳ то 20 ҳазор муҳоҷири бештарро пазириш кунанд, ниҳодҳои дохилии Иттиҳоди Аврупо аз дувоздаҳ кишвари узви ин иттиҳодия дархости кумаки молӣ барои эҷоди монеаву девор барои ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳҷӯён кардаанд.

Бисёре аз кишварҳои шарқи Иттиҳоди Аврупо низ ба дунболи сохти ҳазорон километр девор бо ҳазинаи Иттиҳоди Аврупо ҳастанд. Онҳо мехоҳанд ҳамонанди Юнон бо эҳдоси ин мавонеъ аз вуруди паноҳҷӯён ҷилавгирӣ кунанд.

Мақомоти Юнон аввалин урдӯгоҳ аз панҷ урдӯгоҳи ҷадидро, ки қаблан мавриди интиқоди гуруҳҳои ҳуқуқи башарӣ қарор гирифта буд, бозкушоӣ кардаанд. Ин урдӯгоҳ, ки дар ҷазираи Сомус воқеъ аст, бо симҳои хордор иҳота шудаву системаи амниятии электронии муҷаҳҳазе дорад. Дарҳои вурудии ин урдӯгоҳ ба ҳангоми шаб баста хоҳад буд, ки рафтуомади паноҳҷуёнро маҳдуд хоҳад кард. Дар ин росто яке аз сухангӯёни Ожонси паноҳандагони Созмони Милал бо ишора ба ин ки паноҳҷӯён ниёз ба ҳифозат ва кумак доранд, ҳушдор дод: Онҳо муҷрим нестанд ва хатаре барои ҷомеа надоранд.

Илва Йоҳансон, комиссари умури дохилии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд: Ман шоҳид будам, ки бисёре аз кишварҳо тасмим гирифтанд ин мавонеъро эҳдос кунанд, ман метавонам онҳоро дарк кунам. Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш Филипо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфт: Тибқи баровардҳо 85 ҳазор нафар аз мардуми Афғонистон бояд тайи панҷ соли оянда аз ин кишвар хориҷ шаванд, ки Иттиҳодия Аврупо метавонад маҳалли искони ниме аз ин теъдод бошад.

Аз соли 2015 то кунун ҳудуди 570 ҳазор афғонистонӣ аз 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дархости паноҳандагӣ кардаанд. Танҳо дар соли 2020 наздик ба 44 ҳазор афғонистонӣ тақозои паноҳандагии худро ба кишварҳои иттиҳодия ироа кардаанд, ки муҷиб шуда Афғонистон пас аз Сурия ба унвони дуюмин кишвари эъзомкунандаи паноҳҷӯ ба Иттиҳоди Аврупо шинохта шавад. Акнун низ бисёре аз афғонистониҳо пушти марзҳои Аврупо дар интизори иҷозаи вуруд ҳастанд.

Бисёре аз афғонҳои муҳоҷир ба Амрико низ дар шароити вахиме зиндагӣ мекунанд. Бар асоси оморҳои ироашуда тавассути артиши Амрико, дар ҳоли ҳозир наздик ба 53 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ, ки пас аз суқути Кобул ба Иёлоти Муттаҳида мунтақил шудаанд, дар ҳашти пойгоҳи низомии Амрико мустақар шудаанд.

Бисёре аз паноҳҷӯёне низ, ки вориди ин кишвар шудаанд, вазъияти мусоиде надоранд. Ба тавре ки Вазорати амнияти дохилии Амрико ба нерӯи полис дар мавриди афзоиши эҳтимолии “норизоятӣ” -и гуруҳҳои тундрави дохилӣ ва эҳтимоли афзоиши иртикоб ба хушунат ҳушдор додааст. Бар асоси баёнияи дафтари таҳлилу иттилооти Вазорати амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида, афроди машкуки тундрави бартарипиндори сафедпӯст «таҳдидҳои мубҳаме» алайҳи давлати федерал, зерсохтҳои ҳаётӣ ва созмонҳое, ки дар искони паноҳндагону муҳоҷирон нақш доранд, содир кардаанд. Бар асоси ин баёния, онҳо ҳатто хостори оташ задани созмонҳои ғайридавлатии мустақар дар Флорида шуданд, ки дар искони муҷаддади афғонҳо кумак кардаанд.

Ҳазорон муҳоҷири афғонистонии дигар низ дар Олмон, Қатар, Иморот, Албания ва Уганда дар урдӯгоҳҳо дар шароити вахими иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ мустақар шудаанд, дар ҳоле ки намедонанд, ки сарнавишти онон чи хоҳад шуд.