Ваъдаи кумакҳои амниятии Амрико ба Тоҷикистон

 Ваъдаи кумакҳои амниятии Амрико ба Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи шанбе дар бораи таъмини амнияти марзӣ бо Афғонистон бо генерал Майкл Эрик Курилла, фармондеҳи марказии Амрико дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор Курилла, фармондеҳи марказии Амрико ёдовар шуд, ки ИМА омодааст неруҳои амниятии Тоҷикистонро барои дифоъ аз марзҳои он кишвар омӯзиш диҳад ва таҷҳиз кунад.

Куфтанӣ аст Курилла дар сафари ду рӯзааш ба Душанбе, бо раисҷумҳур ва мақомоти аршади амниятии Тоҷикистон дар бораи масоили муҳимми амниятӣ аз ҷумла беҳбуди амнияти марзҳои кишвар гуфтугӯ кард.

Курилла амнияти марзҳои Тоҷикистонро ҳаётӣ хонд ва афзуд: “Марзҳои қавии Тоҷикистон барои барқарории амният дар кулли Осиёи марказӣ ҳаётӣ аст.”

Дар эъломияи СЕНТКОМ омадааст: “Дар ин дидор Курилла ҳамчунин тасреҳ кард ҳамкории амниятӣ бо неруҳои амниятии Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо терроризм ва фаъолиятҳои амниятии марзӣ мутамаркиз шудааст.”

Курилла афзуд: “Неруҳои вижаи Амрико дар 20 соли гузашта таҷрибаи фаровон дар заминаи мубориза бо терроризм ба даст овардаанд ва омодагӣ доранд ин таҷрибаро бо неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба иштирок гузоранд.”

Дар ин дидор, мақоми аршади СЕНТКОМ ба мақомоти тоҷик итминони хотир дод, ки кумак ба Тоҷикистон идома хоҳад дошт. Вай тасреҳ кард: “Ман ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон мутааҳҳид ҳастам.”

Амрико баъд аз ҳузури 20-сола дар Афғонистон ва хориҷ кардани низомиёнаш бидуни ҳеҷ дастоварде дар сояи қудратёбии Толибон, дар талош барои нуфуз ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва баъд аз хуруҷи муфтазаҳона аз Афғонистон заминаҳои эҳдоси пойгоҳи низомӣ дар бархи кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон ва Туркманистон фароҳам кард, ки бо мухолифати ҷиддии Русия ва кишварҳои минтақа мувоҷеҳ шуд. Пас намавонистанд ба ин ҳадафи худ даст ёбанд ва иқдомоти ахири Амрико дар ин қаламрав нишон медиҳад, ки онҳо намехоҳанд аз ҳузурашон дар Осиёи Марказӣ даст бардоранд ва тамоми талоши худро барои нуфуз дар ин минтақа харҷ мекунанд.