Вокуниши Русия ба худдории Амрико аз тамдиди раводиди дипломатҳои рус

 Вокуниши Русия ба худдории Амрико аз тамдиди раводиди дипломатҳои рус

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Русия, худдории Амрико аз тамдиди раводиди дипломатҳои рус дар ин кишварро ғайриқонунӣ хонд.

Мария Захарова, сухангуи вазорати умури хориҷаи Русия дар гуфтугу бо шабакаи телевизиюнии “Русия 24” гуфт, давлати Амрико дар масъалаи тамдид накардани раводиди дипломатҳои Русия ғайриқонунӣ рафтор мекунад.

Захарова дар идома гуфт, ин иқдоми ғайридустонаи ҷадиди Амрико нест ва моҷарои қадимӣ аст, ки дар гузашта борҳо дар бораи он сухан гуфтем.

Вай бо ишора ба бархе иқдомоти ғайриқонунии давлати Амрико, ҳамчун тавқифи амволи дипломатии Русия дар ин кишвар ва низ чанд мавриди ихроҷи ҷамъӣ ва бидуни далели дипломатҳои рус аз хоки ин кишвар афзуд, онҳо дар воқеъ дар бораи дипломатҳои Русия, ғайриқонунӣ рафтор мекунанд.

Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико низ эълом кард, ба дастури мақомоти Вашингтон, 24 дипломати рус то сеюми сентябр, хоки Амрикоро тарк хоҳанд кард.

Ин иқдом се рӯз пас аз ихроҷи 182 корманди маҳаллии сафорати Амрико дар Маскав ва сарконсулгариҳои ин кишвар дар шаҳри бандарии Владивосток ва шаҳри таърихии Екатеринбург анҷом мешавад.

Антонов афзуд, вазъияти сафоратхонаҳои Русия ва Амрико пас аз дидори моҳи июн Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Ҷо Байден, раисиҷумҳурии Амрико дар Женева тағйире накардааст.

Давлати Амрико бо муттаҳам кардани нақши Русия дар интихоботи Амрико ва ҳамчунин ҳак шудани сайти «Solar Winds» эълом кард, ки дипломатҳои русро ихроҷ хоҳад кард.