Густариши ҳамкории муассисаҳои пизишкии Тоҷикистон ва Эрон

 Густариши ҳамкории муассисаҳои пизишкии Тоҷикистон ва Эрон

 Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ройзании муовини аввал ин вазоратхона бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад хабар дод.

Бар асоси гузориши сомонаи хабарии Форс дар Душанбе, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ройзании муовини аввал ин вазоратхона бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад хабар дод.

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба шакли маҷозӣ бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳади Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, ки дар чорчуби гуфтугӯи қаблии Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе шакл гирифт, масоили марбут ба ҳамкорӣ, табодули таҷрибаҳои мутахассисон, баргузории давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва баландмуддат барои мутахассисони тоҷик дар Эрон, баргузории давраҳои омӯзишӣ тавассути мутахассисони барҷастаи пизишкии эронӣ барои мутахассисони тоҷик дар дохили кишвар ва ба таври куллӣ ҳамкории муассисаҳои пизишкии ду кишвар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Муовини аввали Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар суханоне ба намояндагӣ аз риёсати ин вазоратхона аз кишвари дӯст ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар заминаи тандурустӣ қадрдонӣ кард ва ин дидорро фурсати муносибе барои ройзанӣ ва гуфтугӯ дар ҷиҳати рушд ва ҳамкории ду кишвар дар заминаи тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкӣ арзёбӣ кард.

Бояд гуфт, ки руасои марокизи таҳқиқоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳузур дар ин нишаст заминаҳои авлавиятдори ҳамкориҳои пизишкиро ироа карданд.

Дар паён ду тараф дидгоҳҳо ва дархостҳои худро дар мавриди ҳамкорӣ ба вижа дар заминаи табодули таҷрибаҳои мутахассисон дар соҳаҳо ва бахшҳои мухталифи пизишкӣ баён карданд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳри Машҳад дар Эрон яке аз бузургтарин ва мӯътабартин донишгоҳҳои Ховари Миёна ба ҳисоб меояд.