Гуфтугӯи Нахола ва Ҳания дар мавриди пирӯзии муқовимат

 Гуфтугӯи Нахола ва Ҳания дар мавриди пирӯзии муқовимат

Дабиркулли Ҷумбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин «Зиёд Нахола» дирӯз якшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши Муқовимати Исломии Фаластин (ҲАМОС) «Исмоил Ҳания», пирӯзии миллат ва муқовимати қаҳрамононаи фаластиниҳо дар баробари душмани саҳюнистӣ дар ҷанги 12 рӯзаи ахири Ғаззаро ба якдигар табрик гуфтанд.

Ҳания ва Ан-нахола таъкид карданд, набарди « шамшери Қудс» пирӯзии бузурге барои муқовимат ва миллати Фаластин, уммати исломӣ ва арабӣ ва тамомии озодагони ҷаҳон буд ва авзоъи пас аз ин набард бо қабл аз он комилани мутафовит хоҳад буд.

Ҳамалоти 12 рӯзаи ҳамаҷонибаи низомиёни саҳюнист ба Навори Ғазза ҳарчанд хисоратҳои зиёди моддӣ ва ҷонӣ ба бор овард ва мӯҷиби шаҳодати 248 фаластинӣ гардид, ки дар байни онҳо 66 кӯдак, 39 зан ва 17 солхӯрда ба ҳамроҳи ҳазору 910 маҷрӯҳ ба чашм мехӯрд, аммо саҳюнистҳои ишғолгар дарси муҳимме аз муқовимати Фаластин гирифтанд.

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнист бо садҳо ракет ва мушак, мавозеъи режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамла қарор доданд ва сомонаи гунбади оҳанин дар раҳгирии бисёре аз онҳо номуваффақ амал кард.