Даргирӣ миёни неруҳои яҳудӣ ва ҷавонони фаластинӣ

 Даргирӣ миёни неруҳои яҳудӣ ва ҷавонони фаластинӣ

Низомиёни яҳудии Исроил бо ҳамла ба Қудси ишғолӣ бо ҷавонони мусалмони фаластинӣ дар минтақаи Биъри Айюб даргир шуданд.

Расонаҳои Фаластинӣ гузориш доданд, ки низомиёни режими яҳудӣ ва ишғолгари саҳюнистӣ бо ҳамла ба минтақаи Биъри Айюб дар Қудси ишғолӣ бо ҷавонони мусалмони фаластинӣ даргир шуданд.

Дар пайи ин ҳамлаи неруҳои яҳудӣ ба Қудси ишғолӣ даргирии густурдае миёни онҳо ва ҷавонони мусалмони фаластинӣ рух дода ва низомиёни режими ишғолгар бо бомбаҳои савтӣ ва тирҳои пластикӣ ба ҷавонони мусалмони фаластинӣ ҳамла карданд.

Шаби гузашта ҳам неруҳои яҳудӣ як ҷавони фаластинӣ ба номи Мансур Маҳмудро боздошт карда буданд.

Низомиёни яҳудӣ чандин рӯз аст, ки маъракаи густурдае барои ҳамла ба манзилҳои филистиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ ташкил додаанд.

Ҷабҳаи муқовимати Фаластин дар баёнияе эълон кард, ҷиноятоҳои нави режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ ба шиддат маҳкум аст. Ин ҷибҳа эълон кард шароити нави ба вуҷуд овардаи Исроилро бо диққат зери назар дорад.

Дар ин баёния хитоб ба режими сеҳюнистӣ гуфта шудааст: ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин дар ин сатҳ хатарнок аст, шароит талаб мекунад, ки мо ҳам вокуниши ҷиддие ба он нишон диҳем. табиӣ мебошад, ки идомаи ин ҷиноятҳо аз суи Исроил таниш ва даргириҳоро бештар мекунад.