Дар сурати адами анҷоми амалёт, Украина зарбаи марговаре ба Русия мезад

 Дар сурати адами анҷоми амалёт, Украина зарбаи марговаре ба Русия мезад

Президенти Беларус гуфт, ки агар амалёти низомии Русия барои муддате ба таъхир меафтод, Украина зарбаи марговаре ба хоки Русия ворид мекард.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус дар суханоне ҳамлаи Русия ба Украинаро амри лозим хонда ва эълон кард, ки агар амалёти низомии Русия барои муддате ба таъхир меафтод Украина зарбаи марговаре ба хоки Русия ворид мекард.

Лукашенко илова кард, имрӯз ошкор шудааст, ки ин ҷанг ва даргирӣ ногузир буд ва агар амалёти низомӣ ба таъхир меафтод, паёмадҳои он бисёр бадтар буд.

«Аҷдодони мо дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ пирӯз шуданд ва мо дар оянда пирӯз хоҳем шуд», гуфт президенти Беларус.

Вай бо баёни инки даврони ҷаҳони так қутбӣ ба поён расидааст гуфт, ки тасхири фазо барои аҳдофи илмӣ мавзуъи муштараки мо ва Русия аст.