Дар тамоси тӯлонии сеҷонибаи Путин, Шолтс ва Макрон чӣ гузашт?

 Дар тамоси тӯлонии сеҷонибаи Путин, Шолтс ва Макрон чӣ гузашт?

Раис ҷумҳури Русия дар тамоси телефонии тӯлонӣ бо ҳамтои фаронсавӣ ва садри аъзами Олмон, вазъияти инсонӣ дар Украинаро ба баҳс гузошт.

Президенти Русия рӯзи гузашта дар тамоси телефонии тӯлонӣ бо ҳамтои фаронсавӣ ва садри аъзами Олмон дар бораи нақзи қавонини ҳуқуқи башар тавассути украиниҳо ҳушдор дод.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ва Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дафтари матбуоти Кремл дар бораи сӯҳбати раҳбарони кишварҳо муфассалтар хабар дод.

Дар ҷараёни сӯҳбат Путин ба ҳамтоёни олмониву фаронсавии худ дар бораи вазъи гуманетарӣ дар Украина огоҳ кард.

Путин аз Макрон ва Шолтс даъват кард, ки ба режими Киев барои пешгирии амалҳои ҷиноии гурӯҳҳои миллатгаро дар Украина таъсир расонанд.

«Владимир Путин аз Эммануэл Макрон ва Олаф Шолтс хост ба мақомоти Киев таъсир расонанд, то аз чунин амалҳои ҷиноӣ даст кашанд», — хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Роҳбари Русия ҳамчунин афзуд, ки гурӯҳҳои миллатгаро амалиёт барои наҷоти мардумро тариқи долонҳои башарӣ дар шаҳрҳое, ки амалиёти ҷангӣ ҷараён доранд, мунтазам халалдор мекунанд.

Путин мисолҳои зиёде аз нақзи қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Украина овард. Аз ҷумла куштори ғайриқонунӣ, истифодаи шаҳрвандон ҳамчун «сипари инсонӣ», ҷойгир кардани силоҳи вазнин дар маҳаллаҳои истиқоматӣ.

Сипас роҳбари Кремл ба ҳамтоёни худ дар бораи музокироти ахири Маскаву Киев маълумот дод.

“Дар робита ба ин, раҳбарони се кишвар баъзе масъалаҳои марбут ба созишномаҳои таҳияшаванда дар умури татбиқи талаботи пешниҳод кардаи Русияро баррасӣ карданд”, — гуфт хадамоти матбуоти.

Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсила ҳамалоти мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина шиддат гирифт.

Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.

Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳо, имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд.

Раисҷумҳури Русия рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.

Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, Нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.

Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раҳбари Русия.