Даст кашидани қаҳрамони Алҷазоир аз Бозӣ бо рақиби исроилӣ

 Даст кашидани қаҳрамони Алҷазоир аз Бозӣ бо рақиби исроилӣ

Ҷудокор ва қаҳрамони Алҷазоир ва қораи Африқо барои ҳимоят аз мардуми Фаластин аз мусобиқа бо рақиби исроилӣ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 даст кашид.

Фатҳи Нурин, Ҷудокор ва қаҳрамони Алҷазоир ва қораи Африқо барои ҳимоят аз мардуми мусулмони Фаластин аз бозӣ бо варзишкори Исроил дар бозиҳои олимпии Токио 2020 даст кашид.

Мураббии қаҳрамони Алҷазоир эълон кард, бо ҳадафи ибрози мухолифат бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз масъалаи Фаластин аз идомаи Бозиҳои олимпии Токио 2020 даст кашидаанд.

Қаҳрамони Алҷазоир қаблан ҳам дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ ба сабаби рӯбарӯ шудан бо рақиби исроили аз бозӣ бо варзишкори режими саҳюнистӣ даст кашида буд.

Ин ҷудокори маъруфи Алҷазоир яке аз довталабони аслии қаҳрамонӣ буд, аммо ӯ интихоб кард, ки садои мардуми Фаластин бошад ва дар муқобили намояндаи режими саҳюнистӣ ҳозир нашавад.

Ин амали варзишкори Алҷазоир дар фазои маҷозӣ аз ҷониби корбарон бо хушнудии зиёд пазируфта шуд ва бисёриҳо ба Фатҳи Нурин ситоиш ва сипосгузорӣ карданд.

Бо як сол мавқуф гузоштани бозиҳои олимпии Токио 2020 бо сабаби хуруҷи коронавирус, ин бозиҳо аз 23 июл то 8 августи соли 2021 ва Параолимпи аз 24 август то 5 сентябр идома хоҳад кард. Ин бозиҳо дар Тоқио пойтахти Ҷопон баргузор мешавад.

Пас аз ин иттифоқ, Фатҳи нурин ва мураббии ӯ тавассути Федератсияи Ҷаҳонии Ҷудо аз ҳаргуна фаъолияти варзишӣ манъ шуданд. Ба бовари ин ниҳод ҳимояти Нурин аз Фаластин мухолифи сиёсати адами табъиз будааст.

Ин Федератсияи байналмилалӣ ҷудои Эронро ҳам барои чор сол аз ширкат дар рақобатҳо ба далели мушобеҳ манъ кардааст.

Паёмадҳои буҳрони сиёсии Исроил бар равобит бо Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ