Даъвати президенти Лубнон аз ҷаҳон барои хотима бахшидан ба ранҷи миллати Фаластин

 Даъвати президенти Лубнон аз ҷаҳон барои хотима бахшидан ба ранҷи миллати Фаластин

Президенти Лубнон аз тамоми ҷаҳон даъват кард, ки ба ранҷу азоби мардуми Фаластин хотима бахшанд.

Президенти Лубнон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои хотима бахшидан ба ранҷу азоби фаластиниҳо аз тариқи бозгардондани ҳақ ба соҳибони он талош кунанд.

Президенти Лубнон Мишел Аун ба муносибати Рӯзи байналхалкии якдилӣ бо халки Фаластин (8 ноябрь) ба Созмони Милалаи Муттаҳид оид ба ҳуқуқи дахлнопазири халки Фаластин нома навишт.

Аун аз ҷомеаи байналмилалӣ хост то дар заминаи поён додан ба ранҷу азоби миллати Фаластин аз тариқи бозгардондани ҳақ ба соҳибони он, иҷрои сулҳи одилона ва фарогир бар асоси созишномаи марбутаи Созмони Милали Муттаҳид ва тарҳи сулҳи арабӣ ва низ таъмини бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзамини худ, бар асоси ҳаққи бозгашти худ талош кунанд.

Вай илова кардааст, ки созишномаи 194-уми Созмони Милали Муттаҳид, ки дар таърихи 1948,12, 11 та тасвиб расидааст бар ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ ва низ лузуми талош барои кумак ба онҳо барои бозгашт таъкид мекунад.

Аун дар идомаи номаи худ ба шароити номуносиби оворагони фаластинӣ дар чандин кишвар аз ҷумла Лубнон ишора карда менависад, Лубнон бо чандин буҳрони бесобиқа рӯ ба рӯ шудааст, ки паёмадҳои манфии он бар хонаводаҳои оворагони фаластинӣ дар Лубнон аз соли 1948 ва низ оворагони сурӣ таъсир мегузорад.

Вай таъкид кард, ранҷи миллати Фаластин дар дохил ва хориҷ бештар шуда ва фаластиниҳо ҳам ҳар рӯз муноқишаи рӯзона бо ишғолгари исроилӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза доранд.