8 кушта ва 24 маҷрӯҳ дар ҳамлаи мусаллаҳона ба Донишгоҳи Перм (видео)

 8 кушта ва 24 маҷрӯҳ дар ҳамлаи мусаллаҳона ба Донишгоҳи Перм (видео)

Рӯзи гуазшта як ҷавони 18-сола ба донишгоҳи Перм бо туфанг ҳамла кард, ки бар асари он 24 нафар ҷон бохтанд.

Расонаҳои Русия гузориш медиҳанд, ки ин ҳамла субҳи имрӯз соати 11 ба вақти маҳал рух додааст ва як ҷавони 18-сола, ки аз ӯ Темур Бекмансуров ёд мешавад, бо туфанг ба донишгоҳи Перм ҳамла мекунад, ки дар пайи ин ҳамла мусалаҳона 8 нафар ҷонашонро аз даст доданд ва теъдоде ҳам (расонаҳо 24 нафар мегӯянд) захмӣ шудаанд.

Фарди муттаҳам пештар дар листи сиёҳ ё таҳти назорат набудааст ва ин чунин ба ягон гурӯҳи экстримити шомил набудааст. Темур Бекмансуров дар аввал мехостааст ба мактабе, ки аз он фориғтаҳсил шудааст, ҳамла кунад, вале тасмим мегирад ба донишгоҳе ҳамла кунад, ки касд доштааст дар онҷо дар риштаи ҳуқуқ дарс бихонад.

Бекмансуров пеш аз ҳамлаи мусаллаҳона паёме дар саҳифаи интернетии худ нашр карда, дар он пешакӣ аз қасди ҳамла ва дар куҷо омӯзиш дидани тирандозӣ ва чигуна харидани силоҳ гуфтааст.

Ҳамзамон дар наворҳои нашр шуда аз ин ҳодиса дида мешавад, ки донишҷӯёни зиёде аз ошёнаҳои болоии Донишгоҳи Перм аз тарс худро ба замин партофта ба ҳар самт фирор мекунанд.

Михаил Мишустин, сарвазири Русия ба Михаил Мурашко, сардори Вазорати тандурустӣ ва Валерий Фалков, вазири илм ва таҳсилоти олӣ дастур дод, ки дар робита ба рӯйдодҳои донишгоҳ ва ҳамлаи мусаллаҳон фавран ба Перм парвоз кунанд. Илова бар ин, Игор Краснов, додситони кулли Русия муовини худ Николай Шишкинро барои ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми сохторҳои қудратӣ ба Перм фиристод. Павел Бухтояров, додситони вилояти Перм низ ба ҷои ҳодиса рафтааст.