Душанбе мизбони мусобиқоти футболи бонувонм Ҷоми миллатҳои Осиё

 Душанбе мизбони мусобиқоти футболи бонувонм Ҷоми миллатҳои Осиё

Шаҳри Душанбе ба унвони мизбони марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти футболи бонувони Ҷоми миллатҳои Осиё – 2022 интихоб шуд.

Ба гузориши Федератсияи Футболи Тоҷикистон, бар асоси эъломи Конфедератсияи Футболи Осиё (AFC) ин мусобиқот дар гурӯҳи B бо ширкати тимҳое аз кишварҳои Ветнам, Тоҷикистон, Молдова ва Афғонистон аз 24 то 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ҳамчунин аз 25 то 30 сентябр мусобиқоти гурӯҳи C бо ҳузури тимҳое аз кишварҳои Сингапур, Ироқ ва Индонезия дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҳиндустон мизбони мусобиқоти футболи бонувони Ҷоми миллатҳои Осиё -2022 аст.