Зоирини тоҷик метавонанд ба зиёрати хонаи Худо раванд

 Зоирини тоҷик метавонанд ба зиёрати хонаи Худо раванд

Сафар барои зиёрати хонаи Худо имконпазир шуд, аммо барои афроди то синни 65

Вазораи ҳаҷҷи ин кишвар хабар медиҳад: Арабистони Саудӣ барои нахустин бор пас аз се соли ахир ба зоирони хориҷӣ иҷоза дод, ки хонаи Худоро зиёрат кунанд.
Имсол як миллион нафар имкони зиёрати Маккаи Мукаррамаро доранд. Арабистони Саъудӣ теъдоди иҷозаи зоирин ба ҳаҷ, аз ҷумла шаҳрвандони ин салтанат ва хориҷиёнро афзоиш додааст.

Вазорати ҳаҷҷ ва умра афзудааст: «Ҳоҷиён ба хотири ҳифзи саломатӣ ва бехатарии худ ҳангоми адои маросими худ чораҳои эҳтиётӣ андешида, дастурҳои пешгирикунандаро риоя кунанд».
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷҷ имсол ба афроди то 65-сола ва комилан эмкардашуда иҷозат аст. Ҳангоми расидан ҳоҷиён санҷиш аз COVID-19-ро бо натоиҷи манфӣ дар мӯҳлати на дертар аз 72 соат пешниҳод кунанд.

Қабл аз пандемия ҳамасола ҳазорҳо нафар аз кишвар барои зиёрати маконҳои муқаддас — Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекарданд.
Ёдовар мешавем, дар соли 2020, ба далели пандемия аз коронавирус, Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ барои зоирони берун аз салтанатро лағв кард ва шумораи ширкаткунандагонро то 1000 нафар маҳдуд кард.
Соли гузашта ин шумора ба 60 000 нафар расонда шуд, вале зоирин аз хориҷи кишвар дубора ба ҳаҷ мамнӯъ шуданд.