Ибрози нигаронии Раҳмон аз вазъияти марзӣ дар дидор бо Путин

 Ибрози нигаронии Раҳмон аз вазъияти марзӣ дар дидор бо Путин

Раисҷумуҳри Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти СААД бо Путин дидор ва аз вазъяти марзӣ бо Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои худ Владимир Путин мулоқот карда ва бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти ноороми марз бо Афғонистон аз Путин хост артиши Душанберо муҷаҳҳаз гардонад.

Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор дошт, ки ин имкони хуби баррасии татбиқи барномаи муҷаҳҳазгардонии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷкистон мебошад. Ӯ ба муҳим будани таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид намуд.

Раисҷумҳури Русия дар пайи истиқбол аз ҳамтои тоҷикаш суҳбатро аз ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши 70%-ии гардиши мол дар соли равон оғоз карда афзуд, ки барояш шунидани назари президенти Тоҷикистон дар мавриди иқдоми минбаъдаи амниятӣ низ ҷолиб аст.

“Албатта, мо бо Шумо баназдикӣ дар суҳбати телефонӣ вазъи минтақаро баррасӣ карда будем. Вазъи минтақа мушкил боқӣ мемонад ва барои ман муҳим аст, назари шуморо дар ин бора шунавам, то амниятро дар ин самт дар ояндаи наздик боз ҳам таҳким бахшем”, — гуфт Путин.

Маврид ба зикр аст, ки феълан Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад.

Дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД, таҳти раёсати роҳбари Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян иштирок мекунад.

Ин ҳамоиш ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад.