Иддаои Ғарб барои оддисозии равобит бо Русия бемаънӣ шудааст

 Иддаои Ғарб барои оддисозии равобит бо Русия бемаънӣ шудааст

Вазири умури хориҷаи Русия эълон кард, ки иддаои кишварҳои ғарбӣ мабнӣ бар оддисозӣ ва беҳбуди равобит бо Маскав бемаънӣ шудааст.

«Сергей Лавров» вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар як матлабе, ки субҳи имрӯз (душанбе) дар расонаҳои русӣ нашр шуд, Ғарбро барои пойбандии якраваш ба мавқеи ИМА нисбат ба Русия танқид кард: Иддаои Ғарб барои оддисозии равобит бо Русия дар сурати тағйири рафтори Маскав, комилан бемаънӣ шудааст.

Лавров илова кард: Дархостҳои якҷониба аз Маскав барои оддисозии равобит дар ҳолест, ки ғарб бар тавонои худ барои арзёбии муносиби рӯйдодҳо намеафзояд.

Вазири хориҷаи Русия таъкид кард: Русия аз муддатҳо пеш ба сиёсати тавсеъаи мустақил ва худкафо ва дифо аз манофеъи миллии худ бо омодагӣ барои тавофуқ бо шуракои хориҷии худ бар асоси ҳуқуқи яксон, пойбанд шудааст.

Лавров дар идомаи мақола хотирнишон кард, ки Иттиҳодияи Аврупо пас аз иҷлоси сарони Русия ва Амрико билофосила ба такрори мавзеи Вашингтон пардохт. ки Русия бояд барои беҳбудии равобит бо Ғарб рафтори худро тағйир диҳад.

Равобити Русия ва Ғарб пас аз тағйири ҳукумат дар Украина дар соли 2014 ва ҳимояти Маскав аз рустаборҳо дар шарқи Украина ва мулҳақ шудани Қрим ба Русия тира шудааст.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз он замон бастаҳои мухталифи таҳрими Русия вазъ карда ва дар арсаҳои молӣ ва иқтисодии маҳдудиятҳоеро барои ин кишвар ба вуҷуд овардаанд.

Ин рӯйкард ҳамчунон барои фишор бар Маскав идома дорад.