Идомаи тазоҳурот дар Покистон дар ҳимоят аз Имрон Хон

 Идомаи тазоҳурот дар Покистон дар ҳимоят аз Имрон Хон

Ҳомиёни Имрон Хон, нахуствазири барканоршудаи Покистон дар ҳимоят аз вай дар саросари ин кишвар тазоҳурот карданд.

Дар идомаи ҳимояти мардуми Покистон аз Имрон Хон, миллионҳо нафар бори дигар дар сартосари ин кишвар, аз ҷумлаи Исломобод, пойтахти Покистон ба хиёбонҳо омаданду шиорҳое дар ҳимоят аз нахуствазири барканоршудаи ин кишвар ва зидди Амрико сар доданд.

Имрон Хон дар ҷаласае бо ҳамҳизбиҳои худ аз ҳизби «Таҳрики Инсоф»-и Покистон гуфт, ин ҳизб таҳти ҳеҷ шароите дар ин маҷлис ҳузур нахоҳад ёфт.

Вай гуфт, «Ҳизби Таҳрики Инсоф бо афроде, ки Покистонро ғорат кардаанду тавассути нерӯҳои хориҷӣ вориди маҷлис шудаанд, нахоҳад нишаст.»

Тадовуми тазоҳуроти хиёбонӣ дар шаҳрҳои мухталифи Покистон дар эътироз ба барканории Имрон Хон, нахуствазири ин кишвар нишон медиҳад, ки ҳаводорони вай, тағйироти сиёсии Покистонро, ки Ҳизби Таҳрики Инсоф онро дорои маншаи хориҷӣ медонад, намепазиранд.

Ҳаводорони нахуствазири барканоршудаи Покистон ҳамонанди аъзои Ҳизби Таҳрики Инсоф, сарнагунии давлати Имрон Хонро натиҷаи тавтеаи амрикоӣ бо ҳамроҳии аҳзоби мухолиф дар порлумони Покистон медонанд.

Ба ҳамин далел аст, ки сооте аз раъйи адами эътимоди 174 намояндаи порлумони Покистон ба Имрон Хон дар рӯзи якшанбеи гузашта, эътирозоти хиёбонии ҳаводорони вай дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар оғоз шуд, ки ҳамчунон низ тадовум ёфтааст.

Эъломи ҳузури миллионии ҳаводорони Имрон Хон дар эътироти хиёбонӣ дар ҳимоят аз вай дар Покистон, нишонае аз пуштвонаи мардумии нахуствазири барканоршудаи ин кишвар аст, ки метавонад авзоъро барои давлати ҷадиди Покистон душвор кунад.

Агарчӣ ҳаводорони Имрон Хон дар эътироз ба барканории нахуствазири маҳбӯбашон ба хиёбон омада ва хостори бозгашти демократияи воқеӣ ба Покистон шудаанд, аммо ин тазоҳурот тағйире дар шароити мавҷӯд дар ин кишвар ба вуҷӯд намеоварад.

Таҷриба собит карда, ки эътирозоти хиёбонӣ таъсири чандоне дар эҷоди тағйироти мавриди интизори муътаризон надоштааст. Ҳаводорони Навоз Шариф пас аз барканории вай дар июли соли 2017 ба иттиҳоми даст доштан дар парвандаи фасоди молии мавсӯм ба «асноди Панама» аз симати нахуствазирӣ барои чанд рӯз ба хиёбонҳо омаданд, ки ин эътирозҳо таъсире барои ҳизби “Мусллим Лиг”-и Навоз надошт.

Бо таваҷҷӯҳ ба онки шакли барканории Имрон Хон, қонунӣ буда ва дар чорчӯби раъйии адами эътимод дар порлумони ин кишвар анҷом шудааст, эътирозҳои хиёбонӣ ва ҳатто тарҳи шикоят ба Додгоҳи олӣ низ наметавонад шароити феълиро тағйир диҳад.

Танҳо умеди мавҷӯд барои ҳаводорони Имрон Хон дар кӯтоҳмуддат, истеъфои ҷамъии намояндагони узви ҳизби Таҳрики Инсоф аз ҳузур дар порлумони Покистону баргузории интихоботи зудҳангоми порлумонӣ аст.

Бо таваҷҷуҳ ба онки ҳизби Таҳрики Инсоф беш аз сад намоянда дар порлумони Покистон дорад, истеъфои ҷамъии онон, ин ниҳодро аз идомаи фаъолият боз хоҳад дошт ва интихоботи зудҳангоми порлумонӣ иҷтинобнопазир хоҳад буд.

Чунончӣ бо истеъфои ҷамъии намояндагони ҳизби Таҳрики Инсоф, порлумони Покистон эътибори қонӯнии худро аз даст диҳад, баргузории интихоботи зудҳангом умеди тозае барои ҳаводорони ин ҳизб хоҳад буд, ки битавонанд инбор аксарияти курсиҳои порлумонро бадаст биоваранд.

Агар ба ҳар далиле интихоботи зӯдҳангоми порлумонӣ дар Покистон баргузор нашавад, ҳаводорони Имрон Хон бояд то соли оянда барои ҳузури муҷаддади вай дар санади нахуствазирӣ, сабурӣ карда ва умед ба пирӯзиро дар худ тақвият кунанд.