Иллати интихоби Русия аз ҷониби муҳоҷирони корӣ

 Иллати интихоби Русия аз ҷониби муҳоҷирони корӣ

Муҳоҷирон аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия наметарсанд, хориҷиён медонанд, ки дар Федератсияи Русия ҳамеша барои онҳо кор мавҷуд хоҳад буд

Сафари хориҷиҳо ба Русия қатъ намешавад.  Мутахассиси бахши муҳоҷират Дмитрий Полетаев изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2022 теъдоди патентҳое, ки ба шаҳрвандони дигар давлатҳо додаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ин коршинос қайд кардааст: «Дар семоҳаи аввали соли 2021 229 ҳазор ва дар давраи мушобеҳи соли 2022 517 ҳазор иҷозатнома дода шуд. Теъдоди патентҳои амалкунанда низ ду баробар афзуда, ба 2,1 миллион расидааст».
Полетаев таъкид кард, ки бозорҳои кории фазои Авруосиё, ки муҳоҷирон вориди он мешаванд, кайҳо ташаккул ёфтаанд. Хориҷиён кор дар Русияро афзалтар медонанд.
Илова бар ин коршинос гуфт, барои онҳое, ки мехоҳанд, дар Русия кор пайдо кунанд, чӣ гуна ҷойҳои коре боз хоҳанд шуд ва чаро мутахассисони Осиёи Марказӣ махсус ба ин кишвар меоянд.
Қаблан Полетаев  эҳтимоли ифтитоҳи марокизи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои муҳоҷирон хабар дода буд, ки тавассути онҳо коргарони муҳоҷир метавонанд аз дарёфти кумакҳои мухталиф бархурдор шаванд.

Аммо ташкили ин гуна марокиз моҳҳо ва ҳатто солҳо замонро талаб мекунад. Ба эътиқоди коршинос, марказҳо бояд миёни хориҷиён маҳбубият пайдо кунанд ва эътимоди онҳоро ба даст оваранд.
Ахиран Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ҷараёни муҳоҷират дар кишвар ба сатҳи қабл аз коронавирус баргаштааст.
Дар муқоиса бо аввали соли 2021 дар соҳаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони дигар давлатҳо тағйироти ҷиддие ба мушоҳида нарасидааст.
Барои муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Ленинград ва вилояти Маскав, инчунин кишвари Краснодар, вилояти Свердловск, Приморский ва дигарҳо ҷолибтарин макон барои кор будаанд.