Имзои 16 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон

 Имзои 16 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон

Пас аз нишасти Раҳмон ва Раисӣ, президентҳои ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон 16 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар Теҳрон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои кишварҳоро баррасӣ кардаанд.

Тоҷикистон ва ҶИЭ истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббосро василаи муҳими тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо хондаанд.

Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимоду арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ тавсеаи ҳамкории судманди миёни кишварҳо зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари “гурӯҳҳои дӯстӣ”, ҳамкориҳои фарогирро дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илму амният омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ кардаанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба афзоиши гардиши тиҷорат таъкид карда, таҳия ва татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, таъсиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузориро мувофиқи мақсад шумурдаанд.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки намоишгоҳҳои молҳои кишварҳо ва ҳамоиши соҳибкорон ташкил, таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон васеъ истифода шавад.

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ҳамчун василаи муҳими тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номида шуд.

Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эронро аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоси сиёсати хориҷии худ қарор додааст

Раҳмону Раисӣ ҳамчунин масоили амниятӣ ва Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои кибериро баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар заминаҳои гуногун 16 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо кардаанд:

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили Кумитаи муштараки сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ;

— Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон барои солҳои 2022- 2030;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳифозати муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба дар самтҳои асосии рушди харитасозӣ, геодезия, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории ҶИЭ;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони биржа ва коғазҳои қиматноки Эрон;

— Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶИЭ.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду давлати Тоҷикистон ва Эрон барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.