Интиқоли зиндониён меҳвари дидори додситонҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

 Интиқоли зиндониён меҳвари дидори додситонҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Додситонии кулли Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд масъалаи интиқоли зиндониёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Додситонии кулли Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд масъалаи интиқоли зиндониёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Юсуф Раҳмон ва Қурмонқул Зулушев, додситони кулли Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилояти Бодканд масъалаи интиқоли маҳкумшудагон барои адои ҷазо дар ватан ва ҷилавгирӣ аз даргириҳои марзиро баррасӣ карданд.

Дар ҷаласа намояндагони ниҳодҳои назоратии ду кишвари ҳамсоя, додситонҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои ҳамсоя ширкат доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, бахусус интиқоли маҳкумшудагон барои идомаи адои ҷазо ва ҷилавгирӣ аз низоъҳои марзиро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, роҳандозии робитаҳои мустақими корӣ байни додситонҳои марзӣ ва минтақаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созишномаҳои мавҷудаи бисёрҷониба ва дуҷониба, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар он ҳастанд, ба мувофиқа расиданд.

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марз маҳкум шудаанд.

Дар кишвари ҳамсоя шаҳрвандони Қирғизистон низ боздошт шудаанд.

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар соли 2021 39 шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марз муҷозот шудаанд.