Интиқоли қудрат дар Арабистон наздик аст

 Интиқоли қудрат дар Арабистон наздик аст

Манобеи хабарӣ ба нақл аз як манбаи огоҳ аз умури хонаводаи салтанатии Арабистон аз наздик шудани раванди интиқоли қудрат дар ин кишвар хабар доданд.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз як манбаи огоҳ  аз умури хонаводаи салтанатии Арабистон гузориш дод, ки интиқоли қударат дар ин кишвар аз подшоҳи саудӣ ба валиаҳд наздик шудааст.

Тибқ гуфтаи ин манбаъ, Абдулазиз бен Аҳмад писари аршади Аҳмад бен Абдулазиз, бародари боздошт шудаи подшоҳи Саудӣ аст ва ҳеҷ мақоми расмӣ надорад. Бо ин ҳол номи ӯ дар садри феҳрасти расонаҳои давлатии Саудӣ дар ҳайати ҳамроҳи Муҳаммад бен Салмон ҷиҳати адои эҳтиром ба раиси ҷадиди Иморот ва таслият ба вай қарор дошт.

Ин манбаъ, ки ба далели ҳассосияти мавзуъ нахост номаш фош шавад гуфт, ки нишастани шоҳзода Абдулазиз бен Аҳмад дар канори Муҳаммад бен Салмон паёми муҳкаме ба афкори умумии минтақавӣ ва байналмилалӣ аст ба вижа инки масъалаи интиқоли қудрат наздик шудааст.

Ҳузури ин шоҳзодаи Саудӣ дар миёни аъзои ҳайати эъзомии Риёз ба Иморот назари бисёре аз таҳлилгарону нозирони сиёсиро ба худ ҷалб кардааст.

Дар ҳамин замина, Кристиан Коутс Улрихсен, муҳаққиқи Ховари Миёна ва устоди улуми сиёсӣ дар муассисаи Сиёсати умумии нав дар донишгоҳи Райс изҳор кард; Муҳаммад бен Салмон, ки сафараш ба Иморотро то замони хориҷ шудани Малик Салмон, подшоҳи Арабистон аз бемористон ба таъхир андохта буд ҳайати ҳамроҳи худро ба гӯнае чида буд, ки афроде аз тамоми шохаҳои хонаводаи салтанатиро дар бар бигирад.

Вай афзуд: ҳамчунин мумкин аст, ки ҳадафи Бен Салмони ирсоли паёми “иттиҳод дар хонаводаи салтанатии Арабистон” дар пайи фишорҳо ба ӯ дар парвандаи боздошти шоҳзодаҳо ва дар раъси онҳо Муҳаммад бен Нойф, валиаҳди собиқ буда бошад.