Исроил ба чанд далел, гувоҳии марги худро имзо карда аст

 Исроил ба чанд далел, гувоҳии марги худро имзо карда аст

“Рогел Алор”, таҳлилгари режими саҳюнистӣ дар ёддоште дар рӯзномаи ибрӣ забони “Ҳооретс”, навишт, режими Исроил гувоҳии марги худро имзо карда ва танҳо бояд мунтазири замони ин амр буд.

Рогел Алор, сипас чанд далел барои иддаои худ зикр кард ва навишт, далели аввал он аст, ки режими саҳюнистӣ як «давлати апартеид ва ду миллиятӣ» аст, яҳудён аксарияти онро ташкил медиҳад ва бештари онҳо на танҳо аз идомаи ишғоли арозии фаластинӣ ҳимоят мекунанд балки бо ин режим дар ин мавзӯъ низ ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо аз назари теорӣ ва амалӣ ба ҳимояти худ идома хоҳанд дод.

Далели дувум аз назари ин таҳлилгари режими саҳюнистӣ ҷумбиши ҳимоят аз Бенёмин Нетонёҳу, нахуст вазири собиқ аст, ҷунбише ки нажодпараст, фашист ва зидди демократик аст ва аз Бенёмин Нетонёҳу, ҳимоят мекунад, ки муттаҳам ба ҷароими сангини ҷиноӣ аст ва дидгоҳҳои диктатурии худро пинҳон намекунад. Чап гароҳои саҳюнистӣ ба масири тазъифи худ то нопадид шудан идома хоҳанд дод.

Ин таҳлилгар идома дод, далели сеюм «минтақаи худмухтори яҳудёни ифротӣ аз назари мазҳабӣ ва идеологӣ» дар дохили Фаластини ишғолӣ аст инҳо нерӯи кор ва тавлид нестанд ва боре бар дӯши давлати режими саҳюнистӣ ба шумор мераванд.

Рогел Алор, далели чаҳорум барои нобудии режими Исроил аз рӯи нақшаро муъзали олудагии муҳити зистӣ дар Фаластини ишғолӣ донист ва навишт, Фаластини ишғолӣ, шулӯғ, пур аз зубола ва беш аз ҳад гарм аст.

Вай афзуд, далели панҷум, тазоди фарҳангҳо дар дохили ҷомеъаи саҳюнистӣ ва адами вуҷуди фарҳанги гуфтугӯ бавижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст ҳамонгуна, ки барномаҳои тафреҳӣ бе арзиш дар шабакаҳои телевизионии режими саҳюнистӣ, падидаи нақд ва интиқодро куллан аз байн барда аст.

Ин таҳлилгар далели охирро имкони вуқуъи ҷанг ва эҳтимоли шиллики ҳазорон мӯшак ба самти Фаластини ишғолӣ аз сӯи меҳвари муқовимат, дар сӯрати вуқуъи он донист.