Исроил як пойгоҳи террористӣ алайҳи мардуми Фаластин ва миллатҳои исломӣ аст!

 Исроил як пойгоҳи террористӣ алайҳи мардуми Фаластин ва миллатҳои исломӣ аст!

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рӯзи ҷумъаи охири моҳи мубораки Рамазон ва Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ишора ба тағйироти ҷиддии таносуби қудратҳо ба нафъи ҷаҳони Ислом ва ҷабҳаи муқовимат ва баръакс , коҳиши зоҳири қудрати ИМА ва саҳюнистӣ, оддисозии равобит бо чанд давлати заъифро монеи заволу нобудии режими ишғолгар надониста ва бо риояи мантиқии талаби раъйпурсии тамоми сокинони Фаластин дар бораи муайян кардани низоми сиёсии ин кишвар гуфт: “Муборизаи машрӯъ ва ахлоқии худрро то он даме идома диҳед, ки ночор ба қабули ин талаби пешрафта қабул кунад”.

Саид Алӣ Хоманаӣ масъалаи Фаластинро муҳимтарин ва зиндатарин масъалаи уммати исломӣ донист ва гуфт: “Сиёсатҳои низоми ситамкори капиталистӣ дасти як миллатро аз хонаи худ бурид ва режими террорист ва мардуме бегонаро дар он нишондааст”.

Ӯ бо ишора ба мантиқи амиқан сусти таъсиси режими саҳюнистӣ илова кард: “Аврупоиҳо иддао карданд, ки яҳудиёнро дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зулм кардаанд, аммо онҳо мегӯянд, ки интиқоми яҳудиён бояд тавассути кӯчонидани як миллат дар Осиёи Ғарбӣ ва қатлу куштори ваҳшиёна дар он кишвар гирифт. Бо роҳ ҳамаи даъвоҳои бардурӯғи худро дар бораи ҳуқуқи инсон ва демократия вайрон карданд.”

Вай бо ёдоварӣ аз он, ки «саҳюнистҳо Фаластинро аз рӯзи аввал ба пойгоҳи терроризм табдил доданд», илова кард: «Исроил кишвар нест, балки як пойгоҳи террористӣ алайҳи мардуми Фаластин ва дигар миллатҳои мусалмон аст, аз ин рӯ мубориза бо он , мубориза бо зулм ва терроризм аст ва ин мубориза вазифаи ҳамагонӣ аст”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба рӯйдодҳои қабл аз таъсири режими ғосиб, «ҷалби фаъолияти Ғарб дар минтақа ва тавонмандии ҳукуматҳои золим ё диктаторӣ» заъф ва тафриқа дар уммати исломиро заминаи ғасби давлат донист ва гуфт: “Капитализм ва коммунизм бо қорунҳои саҳюнистӣ афзоиш ёфтанд; Бритониё асли тавтеъаро тарҳрезӣ кард, сармоядорони саҳюнистӣ онро бо пул ва силоҳ иҷроӣ карданд ва Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин ҳукумате буд, ки ҳукумати ғайриқонуниро эътироф карда, шумораи зиёди яҳудиёнро ба он ҷо фиристод”.

Раҳбари инқилоби Эрон вазъи кунунии ҷаҳон ва таносуби қудратҳоро ба нафъи ҷаҳони Ислом тавсиф кард ва бо ишора ба рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Аврупо ва ИМА ба монанди «интихоботи ИМА ва расвоии раҳбарони шӯҳратпарасту пуриддаои он» ва «руйкаради номуваффақи ИМА ва Аврупо бо коронавируси ва ҳошияҳои шармовари он илова кард: «Инҳо нишонаҳои раванди нузулӣ ва нобудии урдугоҳи ғарб мебошанд. »

Вай баръакси ин ихтилоли Ғарбро афзоиши умедбахши қобилиятҳои миллатҳои исломӣ донист ва гуфт: “Афзоиши неруҳои муқовимат дар ҳассостарин минтақаҳои исломӣ ва афзоиши қобилиятҳои дифоӣ ва ҳуҷумии онҳо, афзоиши худогоҳӣ ва умедворӣ дар миллатҳои мусулмон, рушди гароиш ба шиорҳои исломӣ, рушди илмӣ ва истиқлолталабӣ ояндаи беҳтареро ваъда медиҳад”.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба зарурати муттаҳид шудани кишварҳои мусалмон дар атрофи масъалаи Фаластин ва сарнавишти Қудси муқаддас таъкид карда, гуфт: «Ин муттаҳидшавӣ барои душмани саҳюнистӣ ва ҷонибдорони амрикоӣ ва аврупоӣ он як даҳшат ва кобус аст ва тарҳи нокоми Муомилаи Қарн ва талош барои оддисозии равобити чанд давлати сусти арабӣ бо режими ишғолгар, талошҳои пӯч барои фирор аз он даҳшат аст”.

Ӯ таъкид кард: “Бо қатъият мегӯям, ки ин талошҳо муваффақ нахоҳанд шуд ва ҳаракати сарозер ва заволи режими саҳюнистӣ оғоз ёфт ва қатъ нахоҳад шуд”.

Вай «идомаи муқовимат дар дохили қаламравҳои Фаластин ва тақвияти хатти ҷиҳод ва шаҳодат» ва «пуштибонии ҷаҳонии ҳукуматҳо ва миллатҳои мусалмон аз муҷоҳидини фаластинӣ» -ро ду омили муҳиме, ки ояндаро муайян мекунад, номид ва афзуд: «Ин ҳаракати ҷаҳонӣ фитнаи душманон ва ҳамаи давлатмардонро бекор мекунад ва ҳамагон, аз давлатмардон, зиёиён, олимон, аҳзоб, гурӯҳҳо ва ҷавонон бояд ҷойгоҳи худро дар он пайдо кунанд ва дар он нақш бозанд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бахши дигари суханронии худро бо забони арабӣ ба ҷавонони араб ихтисод дод.

Вай ба ҳамаи озодихоҳони Араб, ба вежа ҷавонон, мардуми муқовими Фаластин ва Қудс, муробитун дар Масҷидулақсо ва инчунин шаҳидони муқовимат, ба хусус Шайх Аҳмад Ёсин, Сайидаббос Мусавӣ, Фатҳӣ Шақоқӣ, Имом Муғниё, Абдулазиз Рантисӣ, Абӯмаҳдӣ ал-Моҳандес ва чеҳраҳои барҷастаи шаҳидони муқовимат шаҳид Қосим Солаймонӣ салому дуруд фиристод.

Саид Алӣ Хоманаӣ муборизаи фаластиниҳо ва хуни поки шаҳидонро барои баланд бардоштани парчами муқовимат ва афзоиши қудрати дохилии ҷиҳоди фаластинӣ садҳо маротиба пуртаъсиртар донист ва гуфт: “Ҷавони фаластинӣ, ки як рӯз бо партоби санг аз худ дифоъ мекард, имрӯз бо партоби мушаки нуқтазан ба душман посух медиҳад”.

Вай зимни таъкид бар ин масъала, ки 70 соли ишғолгарӣ, нажодпарастӣ, куштор, ғорат, ҳабсу ва шиканҷаи одамони шариф, иродаи фаластиниёнро шикаст дода натавонист, гуфт: “Фаластин зинда аст ва ҷиҳод идома медиҳад ва Қудси Шариф ва тамоми Фаластин ба мардуми он бозмегардад”.

Раҳбари ҶИЭ тамоми давлатҳо ва миллатҳои мусалмонро барои масъалаи Фаластин масъул медонист ва афзуд: «Албатта, меҳвари меҳвари ҷиҳод худи фаластиниёне ҳастанд, ки имрӯз тақрибан 14 миллион нафар дар дохил ва хориҷи кишвар ҳастанд ва ваҳдат ва азми онҳо метавонад кори бузургеро шакл бидиҳад.»

Оятуллоҳ Хоманаӣ ваҳдатро бузургтарин силоҳи фаластиниҳо номид ва ҳифзи онро дар ҷомеаи Фаластин таъкид кард ва қайд кард: “Меҳвари ин ваҳдат бояд ҷиҳоди дохилӣ ва нобоварӣ ба душманон бошад. Инчунин, душмани асосии фаластиниҳо, яъне ИМА, Бритониё ва саҳюнистони палид, набояд асосу такягоҳи сиёсатҳои фаластинӣ бошад”.

Вай бо таъкид бар стратегияи  тамоми фаластиниҳо дар Ғазза, Байтулмуқаддас, Каронаи Бохтарӣ, қаламравҳои соли 1948 ва урдугоҳҳо, афзуд: «Ҳама фаластиниҳо як воҳидро ташкил медиҳанд ва бояд аз асбобҳои дар ихтиёрдошта истифода баранд, то дар замони фишор аз якдигар дифоъ кунанд.»

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба намунаҳои умедбахши тағйир додани таносуби қудрат ба фоидаи фаластиниён ва заъфи амиқ ва ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ гуфт: “Артиши саҳюнистӣ, ки худро артиши шикастнопазир мегуфт, имрӯз ба артише табдил ёфтааст, ки ранги пирӯзиро намебинад. Дар сиёсат ночор шудаанд ба чаҳор интихобот дар ду сол, дар амният пай дар ай шикаст мехӯранд ва майли рӯзафзуни яҳудиён ба муҳоҷират сабаби шарми он режими пуриддао шудааст”.

Вай талошҳои таҳти ҳимояти ИМА барои режими ғосиб барои ба эътидол овардани муносибатҳо бо баъзе кишварҳои заиф ва ҳақири арабиро боз як нишони заъфи режим номид ва гуфт: «Ин равобит ба режими саҳюнистӣ кумак нахоҳад кард, тавре ки бо Миср чунин кард ва даҳ сол робита барқарор кард, бисёр заъифтар ва осебпазиртар шудааст”.

Ӯ афзуд: «Албатта, он кишварҳо низ аз ин равобит суд нахоҳанд гирифт, зеро душмани саҳюнистӣ тавассути ғасби моликият ё қаламрави онҳо фасод ва ноамниро дар онҳо густариш хоҳад дод.»

Раҳбари инқилоби Эрон таъкид кард: “Уламои мусалмон ва масеҳӣ бояд оддисозии равобитро ҳароми шаръӣ эълом кунанд ва зиёиён ва озодандешон бояд ба ҳама оқибатҳои ин хиёнатро фаҳмонанд, ки ин барои Фаластин аз қафо ханҷар аст”.

Саид Алӣ Хоманаӣ афзоиши қобилияти Ҷабҳаи Муқовиматро нуқтаи муқобили тамоюли коҳиши режими ғасб ҳисобид ва гуфт: “Афзоиши қудрати дифоӣ ва низомӣ, худтаъминкунӣ дар сохтани силоҳҳои муассир, эътимод ба нафси муҷоҳидин, густариши сатҳи худогоҳии рӯзафзуни ҷавонон, васеъ кардани доираи муқовимат ба тамоми кишвар, хезиши ахири ҷавонон барои дифоъ аз Масҷидулақсо ва инъикоси ҳамзамони мубориза ва мазлумияти мардуми Фаластин дар афкори ҷамъиятии бисёре аз ҷаҳон, аз ояндаи дурахшон башорат медиҳад”.

Вай мантиқи муборизаи Фаластинро «раъйпурсии тамоми сокинони асосии Фаластин барои муайян кардани низоми сиёсии кишвар» номид ва мантиқи пешрафта ва ҷолиб номид ва қайд кард: “Мутобиқи ин мантиқ, ки онро Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар ҳуҷҷатҳои СММ ба сабт расонидааст, муборизони фаластинӣ метавонанд раъйпурсӣ бо иштироки ҳамаи сокинони асосии Фаластин аз ҳар қавмият ва мазҳаб, аз ҷумла гурезаҳои фаластинӣ гузаронанд. Натиҷаи ин раъйпурсӣ низоми сиёсии кишварро таъйин мекунад.  Он низоми сиёсӣ овораҳоро ба дохил бозмегардонад ва сарнавишти бегонагони маскунро таъйин мекунад”.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид ба пайгирии ин талаби муҳим, дахлнопазир ва бар асоси демокрасии роиҷ гуфт: “Муҷоҳидини фаластиӣ бояд муборизаи қонунӣ ва ахлоқии худро алайҳи режими ғосибро идома диҳанд, то онҳо маҷбур шаванд ин талабро бипазиранд”.