Иттиҳоми асардуздӣ ин дафъа барои ректори Донишгоҳи ҳуқуқ ва бизнеси Хуҷанд

 Иттиҳоми асардуздӣ ин дафъа барои ректори Донишгоҳи ҳуқуқ ва бизнеси Хуҷанд

Пойгоҳи “Диссернет” боз як олим ва мансабдори тоҷикро ба он муттаҳам кард, ки дар навиштани рисоли докторӣ ба асардуздӣ ё плагиат даст задааст.

Пойгоҳи “Диссернет” боз як олим ва мансабдори тоҷикро ба он муттаҳам кард, ки дар навиштани рисоли докторӣ ба асардуздӣ ё плагиат даст задааст. Пойгоҳ ин бор Мумин Шарипов (Муъмин Шарифзода), ректори феълии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба асардуздӣ мутаҳҳам кард. Худи Шарифзода мегӯяд, ин иттиҳом асос надорад ва нодуруст аст.

Пойгоҳи “Диссернет” боз як олим ва мансабдори тоҷикро ба он муттаҳам кард, ки дар навиштани рисоли докторӣ ба асардуздӣ ё плагиат даст задааст. Пойгоҳ ин бор Мумин Шарипов (Муъмин Шарифзода), ректори феълии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба асардуздӣ мутаҳҳам кард. Худи Шарифзода мегӯяд, ин иттиҳом асос надорад ва нодуруст аст.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат Шарифзода рисолаи докториашро дар Шӯрои Донишгоҳи савдои кооперативии шаҳри Новосибирск ҳимоя намуда, дар асоси қарори Комисияи олии аттестатсионӣ (ВАК)- и Русия ва фармони Вазорати маориф ва илми Русия соли 2012 доктори илмҳои иқтисодӣ шудааст.

Пойгоҳи “Диссернет” оиди асардуздӣ гуфтааст, ки Муъмин Шарифзода ҳангоми навиштани рисолаи докториаш дар мавзӯи “Таъмини иқтисодии рақобатпазирии кооператсияи истеъмолӣ дар бозори озуқа: назария, методология, амалия” (Экономическое обеспечение конкурентоспособности потребительской кооперации на рынке продовольственных товаров: теория, методология, практика) бахше аз кори худро аз рисолаи илмии чанде аз олимони рус, ба мисли Игор Мисук (Формирование системы интегральных оценок и приоритетов в управлении конкурентоспособностью предприятия: на примере железнодорожного машиностроения (Диссертация 2006), Олга Власенко (Интегральная оценка динамики экономического потенциала коммерческо-предпринимательской структуры и его использования Диссертация 2006), Надежда Неустроева (Повышение конкурентоспособности торгового предприятия Диссертация 2010), Олег Исенков (Стратегическое управление ресурсным потенциалом потребительской кооперации Диссертация 2006), Елизавета Тарасова (Управление коммерческой деятельностью потребительской кооперации: теория, методология, оценка. Диссертация 2004) ва Олга Зайцева (Экономические аспекты антикризисного управления в потребительской кооперации. Диссертация 2001) рӯйбардор кардааст.

“Диссернет” дар бораи ин иттиҳоми асардуздӣ навиштааст, ки Шарифзода аз 336 саҳифаи кори докториаш 95 саҳифаашро аз рисолаи илмии ин олимон саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.

Шарифзода Муъмин дар суҳбати кутоҳи телефонӣ бо “Азия – Плюс” аз иттиҳоми “Диссернет” изҳори бехабарӣ карда, гуфтааст ин иттиҳом куллан нодуруст аст.

Шарифзода гуфтааст: “Ман то ҳол иттиҳоми онҳо нахондам, вале агар чунин гуфта бошанд, нодуруст аст. Аз ҳимояи ман чанд сол гузашт. Ин як сафсата аст.”

Пойгоҳ менависад, ки Муъмин Шарифзода 27 декабри соли 2011 рисолаи доктории худро дар Донишгоҳи савдои кооперативии Сибир таҳқиқ ва дар назди шӯрои дифоъи рисолаҳои ҳамин донишгоҳ зери роҳбарии Лидия Наговисина дифоъ кардааст.

Ин пойгоҳ дар шарҳи асардуздии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон навиштааст, ки дар асоси рисолаи докторӣ, довталаб бо муаллифони асарҳо- сарчашмаҳо мақолаи илмии муштарак надоштааст.

“Диссернет” дар шарҳи таҳқиқоти рисоли доктории Шарифзода навиштааст: “Рӯйхати библиографии рисолаи баррасишаванда сабтҳо дар бораи се асари Тарасова Е.Е. (№ 226, 230—231 дар саҳ. 321) ва дар бораи як асари Зайсева О.П. (№ 89 дар саҳифаи 312). Истинод ба ин манбаъро дар саҳифаҳои 48, 75, 77, 78, 180 (асарҳои Тарасова Е.Е.) ва саҳ. 207‒208, 216‒220 (асари О.П.Зайсева) дидан мумкин аст, ки нисбат ба ҳаҷми мавод хеле камтар аст. Илова бар ин, номҳои Зайсева О.П. ва Тарасова Е.Е. аз тарафи довталаб дар саҳифаи 6 (муқаддима) дар байни олимоне, ки ба омузиши тиҷорат ва кооперасияи савдо машғуланд, зикр карда шудаанд. Дар феҳристи библиографии рисолаи довталаб асарҳои дигар муаллифони асарҳои сарчашмавӣ, инчунин истинод ба онҳо дар матни тадқиқот нишон дода нашудаанд.»